Дилафрӯз Каримова
омӯзгори забони англисӣ, номзади илмҳои филология (2019)
Дилафрӯз Насибовна Каримова (тав. 9.08.1992, шаҳри Душанбе) — омӯзгори забони англисӣ, номзади илмҳои филология (2019).
Дилафрӯз Насибовна Каримова | |
Таърихи таваллуд | 9 август 1992 (32 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Зиндагинома
вироишДилафрӯз Каримова хатмкардаи факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2013). Соли 2015 зинаи магистратураро хатм намуда, рисолаи номзадиро дар мавзуи «Муқоисаи низоми садонокҳо ва ҳамсадоҳои забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» дифоъ кардааст. Аз соли 2013 инҷониб дар кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун саромӯзгор фаъолият дорад.
Осор
вироиш- Фонетические свойства некоторых звуков таджикского языка в сопоставлении с английским // Вестник ТГПУ им. С. Айни, 2017. –№3, серия филологии. Д., 2017;
- Артикуляционная характеристика гласных звуков таджикского и английского языков // Вестник ТНУ, 2017. –№3. серия филологии. Д., 2017;
- Масъалаҳои мубрами лингвистика, тарҷума, адабиёт ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар мактаби олӣ бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2017.