Дилором Ашурова (тав. 19. 09. 1951, шаҳри Конибодом), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1997), дотсент.

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1970–1976 дар факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1976–1983 муаллими омӯзишгоҳи № 18 ш. Конибодом, 1983–2008 лаборант, лаборанти калон, ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Аз соли 2008 то ба имрӯз дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода фаъолият дорад. Муаллифи зиёда аз 35 мақолаи илмӣ, илмию методӣ ва дастурҳои методӣ мебошад. Бо медали «Барои меҳнати шоён» (1973) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001) мукофотонида шудааст.

Осор вироиш

Тарбияи экологии хонандагон (дастури методӣ барои донишҷӯён ва муаллимони мактаби миёнаи умумӣ), Д., 2005; Педагогика дар саволу ҷавобҳо (барои санҷиш ва имтиҳонҳо, дастури методӣ), Д., 2007; Корҳои тарбиявии беруназсинфӣ (дастури методӣ), Д., 2007.

Пайвандҳо вироиш