Дилором Баҳромова
Баҳромова Дилором Орифовна (тав. 1 апрели 1946, Конибодом) — актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2002).
Зодгоҳ: | Конибодом |
---|---|
Касб: | актрисаи театр |
Аз 10–12-солагӣ ба театр ҷалб гардид. Аз соли 1966 ҳунарпешаи Театри драмаи мусиқии Конибодом ба номи Т. Фозилова. Тӯли фаъолияти чилсолааш дар саҳнаи ҳамин театр қариб 90 нақш офаридааст. Хусусан дар иҷрои нақшҳои драмавӣ маҳорати баланд дорад. Нақшҳои модар («Модар нигарон буд»-и Ф. Ансорӣ), Соима («Ҳукми модар»-и Н. Ҳикмат), Холча («Нурхон»-и К. Яшин), Афирахола («Тошболтаи ошиқ»-и Ҳ. Ғулом), Сурмахон («Сирри дилҳо»-и Раҳмонов), Салтанат («Тӯй»-и С. Ғанӣ), Фармонбибӣ («Ранҷиши Фармонбибӣ»-и С. Аҳмад) аз дастовардҳои беҳтарини ӯст. Баҳромова Дилором овози форам дошта, ҳофизи писандидаи мардуми тоҷик мебошад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Баҳромова Дилором Орифовна // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.