Дилоро Шукурова
Дилоро Адҳамовна Шукурова — биолог. Номзади илмҳои биология (1999), дотсент (2001).
Дилоро Шукурова | |
---|---|
Дилоро Адҳамовна Шукурова | |
Таърихи таваллуд: | 1954 |
Зодгоҳ: | Душанбе |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | биология |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ: | дотсент |
Алма-матер: | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
ЗиндагиномаВироиш
Дилоро Адҳамовна Шукурова пас аз хатми мактаби миёна (1971) дар фак. биол. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил кардааст (1971-1976). Ассисистент (1978-94), муаллимаи калон (1994-2001) ва аз с. 2001 – дотсенти кафедраи гистологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино. Дар мавзӯи «Хусусияти равандҳои барқароршавӣ дар организм ҳангоми таъсироти гуногуни омилҳои муҳити беруна» тадқиқот мебарад. Дар мавзӯи «Гипертрофияи ҷубронии гурдаи таҷдидшавандаи обхокиҳо» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 50 таълифоти илмӣ ва 3 тавсияи таълимию методӣ, аз ҷумла таълифоти «Некоторые морфологические особенности почек амфибии» дар маҷ. «Известия АН РТ», 2003, №2; Дастур аз ситология, эмбриология ва гистология» (ҳаммуалиф, Д., 2005).
СарчашмаВироиш
- Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - С. 171 ISBN 978-99947-958-2-6