Динҳои қабилаӣ, динҳои қавмбовар — як истилоҳи расмшуда дар диншиносӣ аст. Пайравони динҳои қавмбовар аз роҳи фарҳанг, аслу насаб ва нажод ё суннатҳои фарҳангии муштарак бо ҳам дар пайванданд.

Мушаххасаҳои ингуна аз динҳо, маҳдудияти он ба доираи нисбатан кӯчаке аз пайравон ва дар як минтақаи хос аст, ки масоили умумии ин ҷомеъаи кӯчак аз тариқи он ҳалу фасл мешавад.

Қавмияту мазҳаб дар ин таъриф, аз якдигар ҷудоинопазиранд. Динҳои қабилаиро ҳамчунин метавон динҳои қавмӣ ё мазҳабҳои суннатӣ низ номгузорӣ кард.