Диёрбоқир
Диёрбоқир (тур. Diyarbakır аз ар. ديار بكر) — шаҳр ва ноҳияи воқеъ дар ҷанубу шарқи Туркия, дар дарёи Тигр. Маркази маъмурии вилояти Диёрбоқир. Пойтахти ғайрирасмии Курдистони Туркия.
Шаҳр | |
тур. Diyarbakır[1] | |
Кишвар | Туркия |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Баландии марказ | 675 ± 1 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+03:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
Шиносаҳои ададӣ | |
Коди мошин | 21 |
diyarbakir.bel.tr(тур.) | |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ном
вироишПас аз футӯҳоти мусулмонон дар қарни ҳафтум, ин шаҳр ба номи Диёрбакр (маҳалли зиндагии [қабилаи] Бакр), бо ишора ба қаламрави Бану Бакр маъруф шуд[2][3]. Қабилаи Бакр қаблан дар даврони ҷоҳилият дар шимоли Байнаннаҳрайн сокин шуда буданд. Дар қарни ҳафтум, дар замони хилофати Усмон ва таҳти ҳокимияти минтақаии Муъовия, ба бахше аз қабила дастур дода шуд то дар шимолтар дар сарзаминҳои наздики шаҳр сокин шаванд. Ин шаҳр баъдҳо ба далели деворҳои бозолти сиёҳаш ба номи туркии Kara-Amid ("Омиди сиёҳ") низ шинохта шуд[4].
Дар ноябри 1937, Отатурк, раисиҷумҳури Туркия аз ин шаҳр боздид кард ва пас аз изҳори ибҳом дар решашиносии дақиқи номи Диёрбакр, дар декабри ҳамон сол дастур дод, ки номи онро ба Диёрбакир, ки ба маънои «сарзамини мис» аст тағйир диҳанд[5]. Ва ин яке аз намунаҳои аввалияи раванди туркисозии ҷойномҳои ғайритуркӣ буд, ки дар он номҳои ҷуғрофиёи ғайритуркӣ (курдӣ, арманӣ, арабӣ, форсӣ ва ғайра) ба ҷойгузинҳои туркӣ тағйир ёфтанд[6][7].
Номи армании имрӯзии шаҳр Տիգրանակերտ (Тигранакерт) аст[8]. Дар забони курдӣ ба Омид[9] ва дар суриёнӣ ба ܐܡܝܕ (Омед) маъруф аст[10].
Аҳолӣ
вироишАҳолии феълии шаҳр тахминан 920,366 нафар, асосан курдҳо (2013) мебошанд. Ба ғайр аз курдҳо, туркҳо, арабҳо, арманиҳо, ассуриён дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд. Аҳолии шаҳр хеле афзудааст ва ҳоло 1,732,396 нафар (2018) аст.
Иқлим
вироишДиёрбакрдорои иқлими гарми баҳри Миёназамин аст ва дар тобистон ҳароратҳои хеле гарм ва хушк ва зимистонҳои сард ва нам дорад. Сардии моҳи январ 1,7 °C, гармтарин июл 31,1 °C мебошад. Ба ҳисоби миёна ҳар сол ба ҳисоби миёна 406 миллиметр бориш мешавад, ки танҳо 2 % он дар тобистон рост меояд. Бояд қайд кард, ки бо сабаби ҳавои хушктар, гармии тобистон назар ба минтақаҳои дорои ҳавои намноктар ба осонӣ таҳаммул карда мешавад.
Ёдгориҳои маъмултарини таърихӣ дар ДиёрбакрУлу Ҷомӣ (Масҷиди Бузург): дар асри VII. онро арабҳои ҳукумрон аз калисои куҳна барқарор карданд. Пас, дар асоси он, ки равияи суннӣ дини ислом аз 4 мазҳаби бузург иборат аст — Ҳанафӣ, Ҳанбалӣ, Моликӣ ва Шофеъи, барои гузориши намоз (с) ба ҳар як мазҳаб як ҳуҷраи махсус ҷудо карда шуд, ки боиси ташаккули сохтори омехтаи бино, синтези гуногуни услубҳои меъморӣ мебошад. Илова ба ин иншоот дар асри XII Мадрасаи Зинҷирлӣ дар ин ҷобиноафрохтааст; дар он ҷо инчунин масҷидҳои садаи XV, Пайғамбар Ҷомӣ (Масҷиди Паёмбар), инчунин масҷидҳои Пошо-Хона ва Баҳром-Пошо мавҷуданд.
Дин
вироишАксарияти аҳолии шаҳр пайравони мазҳаби суннӣ мебошанд. Мусалмонони алавиёӣ (Курдҳои-Заза), курдҳои язидӣ ва масеҳиён низ зиндагӣ мекунанд. Пеш аз куштори арманиҳо дар водии Тигранакерт, 11 калисои фаъоли арманӣ вуҷуд дошт, ки имрӯз танҳо як бинои маъбад боқӣ мондааст: Калисои Сурб Киракос[11]. Дар ҷаласаи тантанавӣ 30 ноябри соли 2012 Католикоси Хонаи Бузург Киликии Арам I ҳузур доштанд. Католикҳо мӯъминонро ба сулҳу таҳаммулоти байни динҳо даъват мекарданд.
Пайвандҳо
вироиш- Дар бораи пайдоиш ва зиндагии Диёрбакир
- Диёрбакир
- Хабарҳо ва суратҳо дар бораи ДиёрбакрБойгонӣ шудааст 22 Декабри 2019 сол.
Эзоҳ
вироиш- ↑ https://www.diyarbakir.bel.tr/tr/kurumsal/belediye-tarihce.html
- ↑ Suwaed, Muhammad (2015). Historical Dictionary of the Bedouins (in Англисӣ). Rowman & Littlefield. p. 45. ISBN 978-1-4422-5451-0.
- ↑ M. Bloom, Jonathan; S. Blair, Sheila, eds. (2009). "Diyarbakır". The Grove Encyclopedia of Islamic Art and Architecture (in Англисӣ) 2. Oxford University Press. ISBN 9780195309911.
- ↑ Lipiński, Edward (2000). The Aramaeans: Their Ancient History, Culture, Religion (in Англисӣ). Peeters Publishers. p. 136. ISBN 978-90-429-0859-8.
- ↑ See Üngör, Uğur (2011), The Making of Modern Turkey: Nation and State in Eastern Anatolia, 1913–1950. Oxford: Oxford University Press, p. 244. ISBN 0-19-960360-X.
- ↑ Nişanyan, Sevan (2010). Adını unutan ülke : Türkiye'de adı değiştirilen yerler sözlüğü (1. basım ed.). İstanbul: Everest Yayınları. ISBN 978-975-289-730-4. OCLC 670108399.
- ↑ Social relations in Ottoman Diyarbekir, 1870-1915. Joost Jongerden, Jelle Verheij. Leiden. 2012. ISBN 978-90-04-23227-3. OCLC 808419956.
- ↑ Western Armenian pronunciation: Dikranagerd; Hovannisian, Richard G. (2006). Armenian Tigranakert/Diarbekir and Edessa/Urfa. Costa Mesa, California: Mazda Publishers. p. 2. ISBN 978-1-56859-153-7.
The city that later generations of Armenians would call Dikranagerd was actually ancient Amid or Amida (now Diyarbekir or Diyarbakır), a great walled city with seventy-two towers...
- ↑ Adem Avcıkıran (2009). Kürtçe Anamnez Anamneza bi Kurmancî (in туркӣ and курдӣ). p. 55.
- ↑ Margoliouth), J. Payne Smith (Mrs ܐܡܝܕ. Oxford: The Clarendon Press, 1903.
- ↑ В Диярбакыре восстановлена армянская церковь. 22 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июни 2015.