Дмитрий Григорович
Дми́трий Па́влович Григоро́вич (25 январ [6 феврал] 1883[1], Киив[2][3] — 26 июл 1938[2], Маскав[2]) — авиаконструктори рус.
Таърихи таваллуд | 25 январ (6 феврал) 1883[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 26 июл 1938[2] (55 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | military flight engineer, ихтироъкор, муҳандис, халабон, муҳандис-конструктор, хореограф, рақсанда |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти техникаи Киев (1910). Солҳои 1911-12 муҳаррир-ношири маҷаллаи «Вестник воздухоплавания». Аввалин дар Русия «Заврақи паррон»-и М-1-ро соли 1913 ихтироъ кардааст. То соли 1915 чанд намунаи ҳавопаймоҳои обӣ сохтааст (М-5 ҳамчун ҷосуси баҳрӣ дар Флоти ҳарбию баҳрӣ истифода мешуд). Инчунин ҳавопаймои обии М-9-ро, ки бо пулемёт ё тӯп муҷаҳҳаз буд, сохтааст. Соли 1916 ӯ аввалин заврақи ҷангии навъи М-11, ҳавопаймои обии торпедаандоз (1916-17), самолётҳои ҷангии И-2 ва И-2‒бис сохта буд. Г. аз соли 1925 сарварии шуъбаи таҷрибавии самолётсозии баҳриро дар корхонаи «Красный лётчик» ба уҳда гирифт ва дар ин ҷо ҳавопаймои обии М-24, ҳавопаймои ҷосусии баҳрии МР-2, ҳавопаймои ҷосусии кушод РОМ-2-ро ихтироъ кардааст. Соли 1928 ноҳақ ҳабс шуда, соли 1930 озод гардид ва таҳти роҳбарии Н. Н. Поликарпов самолётҳои ҷангии И-5, ИП-1-ро сохтааст (1934). Аз соли 1936 шуъбаи баҳрии Сарраёсати саноати ҳавопаймосозии Кумитаи халқии саноати вазнинро сарварӣ мекард.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 метрическая книга
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Григорович Дмитрий Павлович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 3.0 3.1 Vědecká knihovna v Olomouci https://aleph.vkol.cz/F/?func=find-c&ccl_term=sys=000002705&local_base=svk04 (чеш.)
Адабиёт
вироиш- Григорович Дмитрий Павлович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.