Дмитрий Менделеев

Дмитрий Менделеев (русӣ: Дми́трий Ива́нович Менделе́ев; 8 феврал (27 январ1834, Тоболск — 2 феврал (20 январ1907, Санкт-Петербург) — олим-энсиклопедисти рус: химик, физикохимик, физик, метролог, иқтисоддон, технолог, геолог, метеоролог, нафтшинос, педагог, ҳавонавард. Профессори Донишгоҳи Санкт-Петербург.

Дмитрий Менделеев
русӣ: Дмитрий Иванович Менделеев[1]
DIMendeleevCab.jpg
Таърихи таваллуд: 8 феврал 1834(1834-02-08)[2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 2 феврал 1907(1907-02-02)[1][3][4][…] (72 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: кимиё[1], физик, илми иқтисод[1], заминшиносӣ[1] ва метрология[d][1]
Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ: Doctor[d] (1865)
Алма-матер:
Роҳбари илмӣ: Alexander Voskresensky[d]
Шогирдони маъруф: Dmitri Konovalov[d], Valery Gemilian[d], Александр Байков, Alexey Potylitsyn[d] ва Sergei Prokudin-Gorskii[d]
Ҷоизаҳо:
Имзо: Имзо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома ва осори ада биВироиш

Дмитрий Иванович Менделеев яке аз бузургтарин олимони дунё буда, 27 январи(8 феврали) соли 1834 дар шаҳри Тоболск дар оилаи директори гимназияи маҳаллӣ таваллуд шудааст. Ӯ фарзанди хурди оила(17-умин) ба ҳисоб меравад. Маълумоти ибтидоиро дар гимназияи маҳаллӣ гирифтааст. Пас аз хатми гимназия Д. И. Менделеев ба Институти педагогии Петербург дохил шуд ва онро соли 1857 бо медали тило хатм намуд. Соли1859 Д. И. Менделеев рисолаи магистери(пешвои)-ро ҳимоя намуда, ба муддати ду сол барои кори илмӣ ба хориҷа фиристода шуд. Пас аз баргаштан ӯ аввал профессори Институти технологии Петербург ва сипас профессори университет интихоб гардид ва ба корҳои илмї ва педагогӣ машғул шуд. Дар вақти ошўбҳои донишҷўён солҳои 90-ум ӯ барои ҳимояи онҳо баромад намуд ва маҷбур шуд, ки университетро тарк кунад. Солҳои охири ҳаёташ Д. И. Менделеев дар Палатаи асосии ченак ва вазн кор кард. Комёбии бузургтарини фаъолияти эҷодии Д. И. Менделеев кашфи Қонуни даври ва бунёди ҷадвали даврии элементҳо буд. Ӯ бо рисолаи доктории худ. Дар бораи пайвастшавии спирт ва об ва ҳамчун ассотсиатсия фаҳмидани маҳлулҳо, шуҳрати беандозаро соҳиб гардид. Аз тарафи Д. И. Менделеев кашф шудани назарияи ҳидрати то ҳол аҳамияти илми ва амалии худро гум накардааст.

ОсорВироиш

Асари барҷастаи Д. И. Менделеев «Асосҳои химия» мебошад. Ин китоб дар асоси Қонуни даври тамоми мавзўъҳои химияи ғайриорганикиро фаро мегирад. Назарияро дар амалия татбиқ намуда, Д. И. Менделеев ба масъалаи технологияи нафт бисёр диққат дод. Ӯ пешниҳод намуд, ки истеҳсоли нафтро ҳаматарафа инкишоф дода, бештар ба коркарди химиявии он диққат дода шавад.

Инҷоро ҳам бингаредВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 1.7 1.8 1.9 https://www.biography.com/people/dmitri-mendeleyev-9405465
  2. Архив изобразительного искусства — 2003.
  3. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  4. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  5. Чугаев Л. Менделеев, Дмитрий Иванович (рус.) // Новый энциклопедический словарьСПб.: 1915. — Т. 26. Мацеевский — Молочная кислота. — С. 263—269.
  6. 6.0 6.1 Погодин С. А. Менделеев Дмитрий Иванович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1974. — Т. 16 : Мёзия — Моршанск. — С. 67—69.
  7. 7.0 7.1 Mendeléeff, Dmitri Ivanovich (ингл.) // Encyclopædia Britannica — 11 — NYC: 1911.

АдабиётВироиш

ПайвандҳоВироиш