Довуд

паёмбар ва шоҳ

Довуд (ар. داود‎, Уршалим ё Bethlehem[d]Уршалим) — подшоҳ ва пайёмбари банӣ Исроил, замони зиндагиашро ибтидои асри 11 — охири асри 10 то м., муддати умрашро аз 70 то 170 сол, замони подшоҳияшро 40 сол, зодгоҳашро байтуллаҳм ва мадфанашро дар байтулмуқаддас гуфтаанд. Номи Д. дар китобҳои Аҳди қадим 1023, Аҳди Ҷадид 59 ва қуръон 16 бор ёд шудааст.

Довуд
ар. داود
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: паёмбар, шоҳ, набӣ
Зодгоҳ:
Маҳалли даргузашт:
Падар: Jesse[d]
Фарзандон: Сулаймон[d]
Шабоҳат: Довуд[d]

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Таърих

вироиш

Маълумоти маъхазҳои яҳудӣ, масеҳӣ ва исломӣ дар бораи Д. мутафовит аст. қиссаи Д. дар қуръон борҳо, гоҳе мухтасар ва гоҳе ба таври муфассал зикр шудааст. Сураи 38-уми қуръон (Сод) бинобар фарогирии муфассали қиссаи Д. бо номи сураи Д. низ ёд мешавад. Оятҳои қуръон ҳам бар рисолати паёмбарӣ ва ҳам подшоҳии Д. далолат доранд. қиссаву достонҳои яҳудӣ ва масеҳӣ дар бораи Д. ба бархе аз манбаъҳои таърихӣ ва тафсирии исломӣ, хусусан «қасасу-л-анбиё»-ҳо низ роҳ ёфтаанд. Тибқи ривоятҳои исломӣ, насаби Д. бо даҳ восита ба Яъқуб (а) ва аз тариқи Яъқуб ба Иброҳим (а) расида, ҳудуди 500 сол пас аз Мусо (а) ва 1200 сол пеш аз Исо (а) паёмбари банӣ Исроил шудааст. Тибқи маълумоти Ибни балхӣ («Форснома») ва қифтӣ («Таъриху-л-ҳукамо»), подшоҳии Д. бар канъониён ва нубувваташ дар аҳди кайқубод будааст. Забур ба вай нозил шудааст. Д. аввал шубон, ҷавони ҷасуру ҳалим ва найнавози моҳир буд. ӯ Ҷолут (дар «китоби муқаддас» ‒ Ҷолиаф) – душмани банӣ Исроилро, ки шоҳи онҳо Толут (Соул ё Шоул) дар амри ӯ оҷиз монда буд, бикушт. Сипас духтари Толутро ба занӣ гирифт ва баъди ӯ ба тахти шоҳӣ нишаст. Яке аз моҷароҳои маъруф дар зиндагии Д. дил бохтани ӯ ба битшабаъ ё басобиъ (вирсавия) – зани яке аз фармондеҳони сипоҳаш Уриё аст, ки дар маъхазҳои тоисломӣ ва исломӣ ба таври гуногун ёд шудааст. Тибқи ривоятҳои исломӣ, ҳар чанд Д. 99 зан ва канизаки зиёде дошт, Уриёро ба сафи пеши ҷанг фиристод, то ӯ кушта шуд ва битшабаъро ба занӣ гирифт. Аз ин зан Сулаймон таваллуд шуд, ки фарзанди хурди Д. буд. Саранҷом Худо тавбаи Д.-ро пазируфт. Носири Хусрав дар «Сафарнома» зимни тавсифи масҷиди байтулмуқаддас аз ду дари он бо номҳои бобурраҳма ва бобуттавба ёдовар шуда, гуфтааст, ки Худо тавбаи Д.-ро он ҷо пазируфт. Д. бо ҳусни лаҳн (хушовозӣ) ва нағмаи бисёр неку («нағмаи довудӣ») машҳур аст. ӯ нахустин касе ба шумор меравад, ки оҳанро мавриди истифода қарор додааст. Тибқи ривоятҳо, Д. аз Худо хост, ки қуте рӯзии ӯ кунад, ки бо дасти худ ҳосил карда бошад ва Худованд ӯро зиреҳсозӣ омӯхта, оҳанро дар дасташ чун хамир ё мум нарм гардонид. Чун аз подшоҳии Д. 12 сол гузашт, луқмон соҳиби ҳикмат шуда, 30 сол бо Д. буд ва шоҳиди ин ҳунари ӯ гашт. Саъдӣ ба ин нукта ишора кардааст:

  Чу луқмон дид, к-андар дасти Довуд
Ҳаме оҳан ба муъҷиз мум гардад,
Напурсидаш чӣ месозӣ, ки донист
Ки бе пурсиданаш маълум гардад.
«Гулистон»
 

Аз ин ҳунари Д. Ҷалолуддини балхӣ низ ёдовар шудааст:

  Рафт луқмон сӯи Довуд аз сафо,
Дид, к-ӯ мекард з-оҳан ҳалқаҳо.
Ҷумларо дар якдигар дармефиканд
З-оҳану пӯлод он шоҳи баланд.
«Маснавии Маънавӣ»
 

Адабиёт

вироиш