Хушкандешӣ
Хушкандешӣ (форсӣ: خشکاندیشی), догматизм (аз юн.-қад. δόγμα «андеша, омӯзиш; қарор») — тарзи тафаккури сатҳиву карахти зиддитаърихӣ, инкишофнаёбанда, ки дар он таҳлилу баррасӣ ва баҳогузории назариявию амалии масъалаҳо ва ҳолатҳо бе назардошти воқеияти мушаххас, шароити маконию замонӣ сурат мегирад.
Хушкандешӣ ба таълимоти тағйирнаёбанда, абадию азалӣ ва ғайри қобили интиқод такя менамояд. Ба хушкандешӣ надоштани назари интиқодӣ ва шубҳа ба догмаҳо, қабул надоштани иттилооти ба онҳо мухолиф ва эътиқоди бечунучаро ба шахсиятҳои муътабар хос аст. Мафҳуми хушкандешӣ бештар дар сиёсат, фалсафа ва ҳаёти динӣ истифода мешавад. Хушкандешии мазҳабӣ ба динҳое хос мебошад, ки эътиқод ба догмаҳоро талаб намуда, онҳоро ҳамчун ҳақиқати абадию азалӣ медонанд ва аз пайравонашон эътирофи бечунучарои онҳоро талаб менамоянд. Истилоҳи хушкандеширо дар фалсафа шаккокиёни Юнони Бостон — Пиррон ва Зенон ворид кардаанд, ки мункири имкони донишҳои ҳақиқӣ буданд. Онҳо файласуфонро дар баровардани хулосаҳои тасдиқӣ оид ба ҷавҳари ашё ба хушкандешӣ айбдор мекарданд. Минбаъд моҳияти ин истилоҳ дигар шуд. Кант хушкандеширо ҳама гуна маърифате медонист, ки ба таҳқиқи қаблии имконияту заминаҳои он асос наёфта бошад. Ҳегел хушкандеширо тафаккури мовароуттабиию мулоҳизакорона мешумурд. Хушкандешӣ аз ҳаёти воқеӣ дур буда, фикру мулоҳизаи ба он зидро қабул надорад. Хусусияти хушкандешӣ дар он зоҳир мешавад, ки таълимот ва назарияеро бидуни исбот ба сифати ҳақиқат қабул мекунад. Хушкандешӣ бо диалектика ҳамчун илм дар бораи инкишоф дар тазод аст.
Асоси маърифатии хушкандешӣ муносибати яктарафа ба ҳақиқат ва эътироф кардани шинохти лаҳзаи мутлақ дар он дар баробари ба эътибор нагирифтани нисбияти он мебошад. Сарчашмаҳои иҷтимоии хушкандешӣ ба ҳавасмандии табақавию гурӯҳӣ ва баъзан инфиродӣ ба ақибмондагӣ, ҳифзу пойдории вазъ ва тасаввуроти муайяни таъминкунандаи ҳолату вазъияти устувори мудрик вобастаанд. Нишонаи ҳатмии хушкандешӣ ҷудо будани назария аз амалия аст. Диалектикаи моддигароёна ба тафаккури таҷридӣ-догмавӣ ақидаи вуҷуд надоштани ҳақиқати мавҳум ва ҳамеша мушаххас будани ҳақиқатро муқобил мегузорад. Ин ҳамаҷониба ба эътибор гирифтани робитаҳои мутақобилаи диалектикии мудраки таҳқиқ ва тамоюли рушди онро дар назар дорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Философский энциклопедический словарь. М., 1989.
Сарчашма
вироиш- Догматизм // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.