Домодбарон, шаҳбарӣ

Пештар мардони зиёде дар шакли қофилаи ҷашнӣ домодро иҳота намуда, бо рақсу сурудхонӣ то хонаи арўс мебурданд ва агар каме манзили домод дуртар мебуд, арўсро аспсавор мебурданд. Дар ин раванд ҷўраҳои домод сурудҳои халқии «Аспа савор кай меоӣ?», «Шаҳ меояде», «Шаҳ муборак боде»-ро месароиданд ва рақсу бозикунон мерафтанд. Ҳоло домодро тавассути мошинҳои нави замонавӣ ва бо гулҳои махсус оро додашуда мебаранд. Дар Ҳисор, Шаҳринав, Вилояти Суғд нимфаъол аст. [1]

Адабиёт

вироиш

1. Зеҳниева Ф. Сурудҳои тўи арўсии тоҷикон. Д., 1991. 3. Ҷумъаев Р. Этнопоэтикаи ҷашни арўсии тоҷикони водии Ҳисор. Д., 2008.

Нигаред

вироиш

Манобеъ

вироиш
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 92