Домуллои кунҷакӣ — муаллими дуюмдараҷаи мадраса, ки баъди дарси асосӣ толибилмонро дарс медод.

Дар мадрасаҳои Бухоро шахсеро, ки дарси дар назди мударриси расмӣ хондаи толибилмонро такроран шарҳу эзоҳ медод, домуллои кунҷакӣ мегуфтанд. Домуллои кунҷакӣ дарсҳои дар мадраса хондаи талабаро ҳамроҳи ӯ так­рор мекард, то мавзӯъ хуб­тар аз худ шавад. Бештари онҳо дар ҳуҷраҳои кунҷу гӯшаҳои мадраса иқомат карда, дар ягон ҳуҷраи паҳлуи масҷиди калон ё хонаи худ дарси такрорӣ медоданд. Барои он ки домуллои кунҷакӣ мавзӯъро хубтар дарк намояд ва дар оянда барои шогирдонаш хубтар фаҳмонад, дар дарсҳои мударриси асосии мадраса низ иштирок мекард. Агар дар натиҷаи иштирок дар дарсҳо ва таълим додани талабагони мадраса маҳорати бештар касб мекард, баъдан ӯ низ дар ягон мад­раса мударрис мешуд. Музди таълими домуллои кунҷакиро асосан худи талабагони мадраса мепардохтанд.

Адабиёт

вироиш
  • Домуллои кунҷакӣ / Р. Раҳмонӣ, Б. Боронов // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.