Донакбозӣ, дӯлбозӣ, кандакбозӣ, харакбозӣ

Бачагон дар замин косачае ба жарфои 5-6 см ва паҳнои 10х10 см мекананд, ки номи он «дӯл» аст. Ашёи ин бозӣ чор адад донаки зардолу ё чорто сангчаи ба андозаи ҳамин донакҳо мебошад. Дар масофаи 1,5 метр аз дўл дуртар хатте мекашанд ва аз паси он хат истода, бо навбат ҳар чор сангчаро ба дўл мепартоянд. Агар 1 донак ё сангча ба дўл афтад, партобкунандаи он «хар» номида мешавад, яъне нақши харро бозӣ мекунад; агар 2 донак ба дўл ворид шавад – «асп» 3 донак – «вазир» ва 4 донак «шоҳ» мешаванд. То вақте ки бозигари панҷум донакҳоро партоб мекунад, вазир ба «хар»-у шоҳ ба болои «асп» савор мешаванд. Дар саросари кишвар фаъол аст. [1]

Адабиёт

вироиш

1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.

Нигаред

вироиш

Манобеъ

вироиш
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 180