Дониш
Дониш (форсӣ: دانش), шинохт (форсӣ: شناخت), маърифат (форсӣ: معرفت) — ошноӣ, огоҳӣ, ё дарки фард, ё чизе монанди ҳақоиқ, иттилоот, шарҳ ва ё маҳоратҳо аст, ки аз тариқи таҷриба, ё омӯзиш аз тариқи идрок, кашф, ё ёдгирӣ ба даст меояд.
Анвоъ
вироишДониш дар забонҳои табиӣ ва сунъӣ тавассути аломатҳо ифода мешавад. Одатан ду навъи донишро фарқ менамоянд: муқаррарӣ ва илмӣ. дониши муқаррарӣ (ҳамарӯза) ба ақли солим ва шаклҳои фаъолияти амалии омиёна такя намуда, ҳамчун асос барои дарёфти мавқеи инсон дар олам ва рафтору кирдори он хидмат мекунад. Фарқи байни дониши илмӣ ва муқаррарӣ дар он аст, ки дониши илмӣ муназзам ва асоснок буда, моҳияти ашёро ошкор менамояд. Муттаҳидкунандаи донишҳои пароканда илм аст, ки натиҷаҳои амалияи ҳаррӯзаро дар асоси мабдаъ (принсип)-ҳо ба танзим медарорад. Тавассути ин мабдаъҳо робита ва муносибатҳои муҳимми ашё инъикос гардида, назарияҳои илмӣ ба вуҷуд меоянд. Қонуну назарияҳои илмӣ бо мақсади муқаррар намудани дурустии онҳо бояд бо воқеият муқоиса карда шаванд, то дониши ҳақиқӣ ҳосил гардад. Барои ифодаи дониши илмӣ забони илмӣ истифода мешавад, ки он бояд дорои мафҳумҳои аниқ бошад. Барои ин гуна донишҳо имконияти истифодаи абзори риёзӣ бо мақсади коркард ва ифодаи мухтасари маълумоти гирифташуда хеле мусоид мебошад. Истифодаи васоити махсуси маърифат имконият медиҳад, ки инсон дар бораи ҳамон ҷанба ва хусусиятҳои олами воқеӣ дониш ҳосил намояд, ки аз таҷрибаи ҳаррӯза гирифтани онҳо ғайриимкон аст.
Дониши илмиро ба ду гурӯҳ тақсим менамоянд: таҷрибавӣ (эмпирикӣ) ва назариявӣ. дониши таҷрибавӣ натиҷаи усулҳои маърифати таҷрибавӣ, мисли мушоҳида, озмун ва ченкунӣ аст. дониши мазкур, одатан, мудрак (объект) ва зуҳуротро аз рӯйи миқдор ва сифат тавсиф менамояд. Робитаҳои такроршавандаи устувори байни тавсифоти миқдории ашё аз нигоҳи таҷриба бештар хусусияти эҳтимолӣ доранд. Зинаи назариявии дониши илмӣ кашфи қонунҳоеро тақозо менамояд, ки тавассути онҳо ба таври идеалӣ дарк, тасвир ва шарҳу маънидод кардани ҳолатҳои таҷрибавӣ, яъне маърифати моҳияти падидаҳо имконпазир гардад. дониши илмии назариявӣ ва таҷрибавӣ пайванди ногусастанӣ доранд, зеро тасаввуроти назариявӣ дар заминаи таъмими маълумоти таҷрибавӣ пайдо мешавад, аммо зиёдшавӣ ва тағйирпазирии дониши таҷрибавӣ дар асоси таъсири дониши назариявӣ сурат мегирад. Пас, дар байни онҳо ягонагии диалектикии таъсири мутақобила ҷой дорад.
Дар методологияи маърифати илмӣ баъзан мафҳумҳои дониши ошкор ва дониши нуҳуфта истифода мешаванд. донишҳои ошкор дар забони илм тавассути тасдиқот ва назарияҳо сабт мешаванд. Маҳорати фаҳмидани нақшаву ҷадвалҳо, дуруст истифода бурдани асбобу таҷҳизот, инчунин татбиқ карда тавонистани дониши ошкор дар ҳолатҳои мушаххас донишҳои нуҳуфтаро тақозо менамояд, ки тавассути забон ифода намешаванд.
Дар баробари рушди ҷомеа ва инсоният нақши дониш пайваста густариш меёбад. Манбаи асосии донишро амалияи моддӣ ташкил медиҳад. Дар баробари ин истеҳсоли дониш ҳамчун соҳаи мустақили фаъолияти инсон барои рушди худи амалия таъсири бузург мерасонад. Тағйироти куллие, ки дар соҳаи дониш рӯй медиҳад, боиси тағйирёбии воситаҳои истеҳсолот, афзуншавии ҳосилнокии меҳнати ҷамъиятӣ ва болоравии сатҳи зиндагии одамон мегардад. Робитаи мутақобилаи дониши илмӣ ва истеҳсолоти ҷамъиятӣ тавассути мафҳумҳои инқилоби илмӣ-техникӣ, технологияи инноватсионӣ ифодаи худро меёбад.
Адабиёт
вироиш- Теория познания. В 4-х т. М., 1991—1995;
- Алексеев П. В., Панин А. В. Философия. М., 2001;
- Философия/ Под ред. В. В. Миронова. М., 2005.
Сарчашма
вироиш- Дониш / Н. Сайфуллоев // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.