Донишгоҳи Астон
Донишгоҳи Астон (англ. Aston University) — донишгоҳи давлатии таҳқиқотии бритониёӣ аст, ки дар маркази шаҳри Бирмингем, Ғарби Мидлендс, Англия ҷойгир аст. Дар айни замон дар донишгоҳ зиёда аз 905 омӯзгорон дарс медиҳанд (2020) ва тақрибан 15,500 донишҷӯ таҳсил мекунанд (2017/18).
Соли таъсисёбӣ | 1895 |
---|---|
Бакалавриат | 11,935 (2017/18) |
Магистратура | 3,565 (2017/18) |
Рангҳо | |
Сайт | aston.ac.uk |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Астон соли 1895 ҳамчун Мактаби техникии мунисипалии Бирмингем таъсис ёфтааст. Донишго 22 апрели соли 1966, вақте ки номи кунунии худро гирифт, аз Маликаи Елизаветаи II оинномаи шоҳона гирифт . Он дар қатори 25 беҳтарин муассисаҳои таълимии Британияи Кабир ҷойгир аст [1]. Кампуси асосии донишгоҳ бевосита дар паҳлӯи маркази Бирмингем ҷойгир аст. Оқои Ҷон Сандерланд аз моҳи майи соли 2011 ректори Донишгоҳи Астон мебошад.
Дар соли 2020 Донишгоҳи Астон аз ҷониби маҷаллаи The Guardian "Донишгоҳи сол" дониста шуд [2] . Ҷоизаҳои Times Higher Education ба Донишгоҳи Астонро дар соли 2020 "Донишгоҳи барҷастаи соҳибкорӣ" номид[3] . Он узви гурӯҳи М5-Донишгоҳҳо, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Иттиҳод ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Аврупо ва ғайра мебошад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ The best UK universities 2022 – rankings(англ.). The Guardian(пайванди дастнорас — таърих). 19 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 апрели 2022.
- ↑ Aston University named Guardian's university of the year(англ.). The Guardian(пайванди дастнорас — таърих) (25 November 2020). 7 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 Декабри 2020.
- ↑ Times Higher Education Awards 2020: winners announced(англ.). Times Higher Education (THE)(пайванди дастнорас — таърих) (26 November 2020). 7 Декабри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 Декабри 2020.