Донишгоҳи Оксфорд (англ. University of Oxford) — куҳантарин донишгоҳи англисзабонҳо ва нахустин донишгоҳи Британияи Кабир.

Донишгоҳи Оксфорд

(Оксфорд)
Номи аслӣ University of Oxford
Шиор Dominus illuminatio mea
(«Худаванд нури ман аст»)
Соли таъсисёбӣ 1096[3]
Ректор (Канслер) Крис Паттен[1]
Донишҷӯён 19 791[2]
Рангҳо
Мавқеъ Оксфорд, графство Оксфордшир, Англия
Сайт www.ox.ac.uk
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Донишгоҳ дар заминаи мактабе, ки Алфреди Бузург ташкил карда буд, таъсис ёфтааст (соли таъсисаш номаълум аст, вале тибқи тахминҳо соли 1117). Донишгоҳи Оксфорд пас аз соли 1167, баъди он ки шоҳ Генрихи II таҳсили донишҷӯёни англисро дар Сорбонна (Фаронса) манъ кард, ҳамаи онҳо, инчунин омӯзгорон ба Англия баргашта, дар Оксфорд ба таҳсилу тадрис шурӯъ намуданд, рушд ёфта, шуҳрат пайдо кард.

Коллеҷҳо

вироиш

Нахустин коллеҷҳо дар таркиби донишгоҳ дар садаи XII ташаккул ёфтанд. Куҳантарин коллеҷҳои Оксфорд: Блекфрайар, Коллеҷи донишгоҳӣ, коллеҷҳои Баллиол ва Мертон. Коллеҷи навтарин – Келлогг (1990). Ибтидо Донишгоҳи Оксфорд ҳамчун муассисаи олии таълимии асримиёнагӣ макони тайёр кардани ходимони калисоҳо буд, аммо баъдан муассисаи таълими ҳатмии намояндагони қишри болоии ҷомеа гардид. То имрӯз Донишгоҳи Оксфорд яке аз донишгоҳҳои бонуфуз ва маъруфи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Сохтор

вироиш

Сохтори Донишгоҳи Оксфорд аз донишгоҳи марказӣ ва коллеҷҳо иборат аст. Донишгоҳи марказӣ муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои таҳқиқотӣ, инчунин шуъбаҳои маъмурӣ, китобхонаҳо (зиёда аз 100) ва осорхонаҳо (осорхонаҳои таърихи табиат, Питта Риверс ва таърихи илм)-ро дар бар мегирад. Донишгоҳи Оксфорд 39 коллеҷ дорад, ки онҳо муасиссаҳои худмаблағгузори мустақили таълимӣ буда, ба донишгоҳи марказӣ мансубанд. Ғайр аз ин, 5 хобгоҳи умумӣ дорад, ки иттиҳодияҳои динӣ таъсис додаанд. Онҳо дорои мақоми коллеҷ набуда, то ҳол хусусияти насронӣ доранд. Вазифаҳои донишгоҳи марказӣ ва коллеҷҳо гуногунанд. Донишгоҳ моҳияти курсҳои таълимиро муайян мекунад ва дарсҳо дар коллеҷҳо мегузаранд. Ҳамчунин маърӯзаҳо, семинарҳо ва корҳои озмоиширо ташкил карда, барои тадрис ва омӯзиш шароит (китобхона, озмоишгоҳ, осорхона, синфхонаҳои компютерӣ) фароҳам меорад.

Қабул ба донишгоҳ

вироиш

Бо хидматрасонии маъмурӣ, қабул ва имтиҳони донишҷӯёни магистратура, аспирантура машғул шуда, низоми арзёбии донишро муайян мекунад ва дараҷаҳои илмӣ медиҳад. Коллеҷҳо барои қабул ва таҳсили донишҷӯёни бакалавриат, инчунин интихоби донишҷӯён дар магистратура масъул мебошанд. Дар донишгоҳ самтҳои гуногуни илм, аз ҷумла, фанҳои риёзиёт, физика, иҷтимоӣ, табиӣ ва тиб омӯзонида мешаванд ва таълими барномаҳое ба роҳ монда шудааст, ки барои гирифтани дипломи бакалавр, магистр ва доктори илмҳои мусоидат менамоянд. Машғулиятҳои таълимӣ – маърӯзаҳо, семинарҳо, корҳои озмоишӣ дар донишгоҳ марказонида шуда, барномаҳои таълимӣ ҳамоҳанг гардидаанд. Дар Донишгоҳи Оксфорд зиёда аз 24500 донишҷӯ, аз ҷумла қариб 12000 нафар дар бакалавриат таҳсил мекунанд. Беш аз 60 дарсади донишҷӯёни магистратура ва аспирантура аз кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Ба онҳо қариб 4000 омӯзгор таълим медиҳанд. Ҳазорҳо сиёсатмадорони маъруф, олимону ходимони бузурги илм, адабиёт, санъат, аз ҷумла 6 шоҳ (Эдварди VII ва Эдварди VIII), 25 сарвазири Англия (Маргарет Тетчер, Тони Блер ва Девид Кемерон), 12 порсо, қариб 20 роҳбари 100 бизнеси бузурги ҷаҳон хатмкардагони Донишгоҳи Оксфорд мебошанд. Аз ҷумлаи омӯзгорон ва хатмкардагони Донишгоҳи Оксфорд 40 нафар дорандаи мукофоти Нобел ва қариб 50 кас соҳиби медалҳои олимпӣ ҳастанд. Таҳсил дар Донишгоҳи Оксфорд агар ба ашрофзодагони англис анъанаи бисёрасра ва боиси ифтихор бошад, барои донишҷӯёни болаёқат имкониятест барои олими сатҳи ҷаҳонӣ шудан.

Барои ба Донишгоҳи Оксфорд дохил шудан маблағи калон (хароҷоти солонаи зиндагӣ – қариб 8000 фунт, маблағи таҳсил вобаста ба ихтисоси интихобшуда: санъат – 6300 фунт, илм – 8400 фунт, тиб – 15400 фунт), инчунин дар сатҳи англисҳо донистани забони англисӣ зарур аст. Ариза тирамоҳ, пеш аз оғози соли хониши оянда пешниҳод карда мешавад. Комиссияи махсус баҳои дониш (фақат аъло), мактуби тавсиявиро баррасӣ карда, суҳбат доир мекунад. Донишҷӯёнро на аз рӯи маблағи зиёд доштан, балки сатҳи дониш интихоб мекунанд. Соли хониш дар Донишгоҳи Оксфорд моҳи октябр оғоз меёбад ва аз се бахш (семестр) иборат аст: Миклмасс (тирамоҳӣ), Хилари (зимистона) ва Тринити (баҳорӣ).

  1. Ключевые сотрудники университета // Key University Officers
  2. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи unipage ворид нашудааст
  3. https://www.ox.ac.uk/about/organisation/history?wssl=1

Адабиёт

вироиш
  • Энциклопедическiй словарь Ф. А. Брокгауза и И. А. Ефрона. Т. 21a. СПб., 1807;
  • Новая Российская энциклопедия. Т. 12 (1). М., 2013.

Пайвандҳо

вироиш
  • ox.ac.uk — вебгоҳи расмии Донишгоҳи Оксфорд

Шаблон:Донишгоҳи Оксфорд Шаблон:Europaeum

 
*
Шумо донишҷӯ ё омӯзгор? Дар лоиҳаи Мактабҳо ва донишгоҳҳо иштирок кунед.