Донишгоҳи Теҳрон (форсӣ: دانشگاه تهران‎) — муассисаи давлатии таҳсилоти олӣ, яке аз калонтарин ва қадимтарин донишгоҳҳои классикии Эрон. Воқеъ дар шаҳри Теҳрон.

Донишгоҳи Теҳрон
Соли таъсисёбӣ 1934
Донишҷӯён 50 448
Бакалавриат 15,312
Магистратура 18,360
Сайт ut.ac.ir
 Парвандаҳо дар Викианбор

Маълумоти умумӣ вироиш

Донишгоҳи Теҳрон аз соли 1851 таърихи худро ҳамчун Дор ул-фунун (форсӣ: دارالفنون‎) оғоз мекунад. Воқеан, Донишгоҳи Теҳрон дар соли 1934 бо амри шахсии Ризошоҳи Паҳлавӣ тавассути муттаҳид кардани чанд муассисаи олии таълимӣ, ки дар он замон мавҷуд буданд, ташкил шудааст.

Соли 1937 ба занон иҷоза дода шуд, ки дар Донишгоҳи Теҳрон таҳсил кунанд. Дар соли 1945 дар Амиробод дар ҷои казармаи қӯшунҳои ишғолии Иттифоқ хобгоҳи донишгоҳ сохта шуд.

Донишгоҳи Теҳрон дар таърихи навини Эрон нақши бузурге бозидааст. Дар соли 1979 ҷавонони донишҷӯёни ДТ ба режими шоҳ фаъолона муқобил баромада, инқилоби исломиро дастгирӣ карданд.

Дар соли 1986 факултаи тиб аз Донишгоҳи Теҳрон ҷудо шуда, ба Донишгоҳи тиббии Теҳрон (ДТТ) табдил дода шуд [1] .

Соли 1999 дар донишгоҳ эътироз алайҳи баста шудани рӯзномаи мухолифи «Салом» баргузор шуд, ки ба ошӯби донишҷӯён печид.

Дар солҳои 2005-2008 вазифаи ректори Донишгоҳро профессори илми илоҳиёт, аз наздикони Оятуллоҳ Хумайнӣ Оятуллоҳ Аббос Алӣ Амид Занҷонӣ бар ӯҳда дошт.

Соли 2006 дар Донишгоҳи Теҳрон Пажӯҳишгоҳи Қафқозшиносӣ таъсис ёфт. ПҚ(ДТ) оид ба мероси моддию маънавии ноҳияҳои Қафқоз, иктидори иқтисодии онҳо тадқиқот мебарад. Ин аввалин донишкадаи махсус дар Эрон аст, ки ба омӯзиши ҳамаҷонибаи Қафқоз машғул аст.

ДТ яке аз беҳтарин ва пешбари донишгоҳҳои таҳқиқотии Эрон маҳсуб мешавад[2]. Донишгоҳ зиёда аз 50 000 донишҷӯ дорад. ДТ аз рӯи 111 барномаи бакалаврӣ, 177 магистратура ва 156 докторантура мутахассис тайёр мекунад [3] .

То соли 2016 сохтори ДТ 25 факулта, 9 кампус ва 11 маркази тадқиқотиро дар бар мегирад ва донишгоҳ 34 маҷаллаи илмиро нашр мекунад. Дар факултетҳо ва марказҳои илмӣ 1500 нафар профессорону муаллимон кор мекунанд.

Ректор иқтисоддон доктор Фарҳоди Раҳбар аст, ки то соли 2007 муовини раиси ҷумҳури Эрон буд.

Фаъолиятҳои таълимӣ вироиш

Аз моҳи июни соли 2016 раванди асосии таълим дар донишгоҳ дар 20 факултет амалӣ карда мешавад:

  1. Факултаи теология
  2. Факултети табиатшиносӣ
  3. Факултети филология, фалсафа ва илмҳои педагогӣ
  4. Факултети муҳандисӣ
  5. Факултети ҳуқуқшиносӣ ва сиёсатшиносӣ
  6. Факултети идоракунӣ
  7. Факултети санъати тасвирӣ
  8. Факултети хоҷагии қишлоқ
  9. Факултети менеҷмент
  10. Факултети маориф
  11. Факултети сарватҳои табиӣ
  12. Факултети иқтисод
  13. Факултети илмҳои ҷамъиятӣ
  14. Факултети ҳифзи муҳити зист
  15. Факултети забонҳои хориҷӣ
  16. Факультети тарбияи чисмонй
  17. Факултети география
  18. Факултети ҷаҳоншиносӣ
  19. Факултети соҳибкорӣ
  20. Факултети илм ва технологияи пешқадам

Фаъолияти тадқиқотӣ-илмӣ вироиш

ДТ комплекси калони таълимию илмӣ оид ба тайёр кардан, бозомӯзӣ, аттестатсия ва такмили ихтисоси кадрҳо мебошад. Донишгоҳ 20 институт ва марказҳои тадқиқотиро дар бар мегирад:

  1. Институти биохимия ва биофизика
  2. Институти геофизика
  3. Маркази байналмилалии тадқиқоти биёбон
  4. Институти таърихи илм
  5. Институти тадқиқоти Амрикои Шимолӣ ва Аврупо
  6. Институти электротехника
  7. Маркази тадқиқоти занон
  8. Маркази тадқиқотии назорати амалӣ
  9. МИТ Деҳҳод
  10. Институти тадқиқоти илмии нақлиёт, сӯзишворӣ ва муҳити зист
  11. Институти тадқиқотии илмии турбомашинахо
  12. Институти инженерии нефт
  13. Институти хоҷагии об
  14. Институти тадқиқоти илмӣ оид ба нақшакашӣ ва идоракунии энергетика
  15. Маркази тадқиқотии оптимизатсияи муҳандисӣ
  16. Институти тадқиқоти илмии биоматериалхо
  17. Институти тадқиқоти илмии маводҳои пешқадам
  18. Институти тадқиқоти илмии маводҳои ғайриорганикӣ
  19. Маркази миллии тадқиқоти Донишгоҳи Теҳрон
  20. Боғи илм ва технологияи Донишгоҳи Теҳрон

Одамони машҳур вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Tehran University of Medical Sciences Introduction. 26 июни 2016 санҷида шуд.
  2. Academic Ranking of World Universities. ARWU. 5 июли 2016 санҷида шуд.
  3. University of Tehran(форсӣ)(пайванди дастнорас — таърих). Tehran University. 5 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 октябри 2011.

Пайвандҳо вироиш