Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  — яке аз дошишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

(ДДТТ)
Соли таъсисёбӣ 1987
Навъ Давлатӣ
Ректор Назарзода Хайрулло Холназар
Донишҷӯён 6000
Омӯзгорон 170
Мавқеъ ш. Душанбе,  Тоҷикистон
Сайт tguk.tj

Маълумоти мухтасар

вироиш

Донишгоҳ соли 1987 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Дар замони шӯравӣ номгузориаш Донишкадаи кооперативии Тоҷикистон буд. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.

Таърих

вироиш

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 24 июни соли 1987 дар асоси қарори Совети Вазирони СССР дар базаи муассисаи таълими-машваратии филиали Донишкадаи кооперативии Самарқанд дар шаҳри Душанбе,ҳамчун филиали Душанбегии Донишкадаи кооперативии советии савдои Новосибирск ташкил шудааст.

Факултаҳо

вироиш
  • Умури бонкӣ
  • Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ
  • Иқтисодиёт ва менеҷмент
  • Тиҷорат ва гумрук
  • Шуъбаи омӯзиши ғоибона

Маъмурият

вироиш
  • Ректор Ҳамидуллохон Фақеров — доктори илмҳои иқтисод, профессор.[1][2]
  • Ноиби ректор оид ба таълим Толибов Қобилчон Ӄосимович
  • Ноиби ректор оид ба тарбия Акрамов Файзалӣ Маҳрамович
  • Ноиби ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ Қодирова Зарина
  • Ноиби ректор оид ба илм Раҷабов Раҷабалӣ Кучакович
  • Декани факултаи «Умури бонкӣ» Қурбонов Абдукарим Раҳимович
  • Декани факултаи «Муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва ҳуқуқ» Шаропов Фарҳод Р.
  • Декани факултаи «Иқтисодиёт ва менеҷмент» Мирзоалиев Абдурашид
  • Декани факултаи «Тиҷорат ва гумрук» Салимов Назаралӣ
  • Декани факултаи Шуъбаи омӯзиши ғоибона Ҳикматов Сӯхбатулло.

Пайвандҳо

вироиш
  • tguk.tj — вебгоҳи расмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон