Донишкадаи кимиёӣ-технологии Тошканд
Донишкадаи кимиёвӣ-технологии Тошканд, донишкадаи пешрафтаи технологияи кимиёвӣ дар Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ мебошад.
(ДКТТ) | |
---|---|
Номи аслӣ | Toshkent kimyo - texnologiya instituti, Тошкент кимё - технология институти |
Номи байналмилалӣ | Tashkent chemical - technological Institute |
Номҳои қаблӣ | Ташкентский химико-технологический институт |
Навъ | муассисаи таълимии олии давлатӣ |
Ректор | доктори илмҳои техникӣ, профессор - Турабджанов Садритдин Махаматдинович |
Донишҷӯён | зиёда аз 4 ҳазор нафар |
Бакалавриат | 4 сол |
Магистратура | 2 сол |
Нишонии ҳуқуқӣ | Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд, кӯчаи А. Навоӣ, 36. |
Сайт | tkti.uz |
Донишкадаи кимиёвию технологии Тошканд дар асоси Фармони Президенти ҶШС Ӯзбекистон И.А.Каримов аз 6 майи соли 1991 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумоти олии техникӣ дар ҷумҳурӣ, такмили ихтисоси кадрҳои муҳандисӣ ва илмӣ дар заминаи факултети кимиёвию технологии факултети муҳандисӣ - технологии кимиё ташкил карда шудааст. Ҳоло Донишкадаи кимиёвӣ-технологии Тошканд донишгоҳи пешрафтаи соҳаи технологияи кимиёвии Ӯзбекистон мебошад.
Сохтори донишкада
вироишДонишкада барои корхонаҳои саноати кимиё, коркарди нафт, биокимиё, инчунин саноати масолеҳи бинокорӣ, зарфҳои сафолӣ, мебелсозӣ, чӯбкорӣ, равған ва чарб, ордсозӣ, консервабарорӣ, гӯшт ва шир мутахассисон омода мекунад. Дар айни замон донишкада аз 5 факулта, шуъбаи ғоибонаи махсус ва литсейи академӣ иборат аст. Дар донишкада зиёда аз 4000 донишҷӯ, тақрибан 300 аспирант ва докторант, номзадҳои илм, дотсентон, 52 доктори илм, профессорон дар 40 кафедра фаъолияти педагогӣ ва илмӣ доранд.
Факултаҳо ва ихтисосҳои донишкада
вироишДонишкада:
- 5 факултет
- Шуъбаи ғоибона
- Магистратура
- Докторантура дорад.
Донишкада дар соҳаҳои зерин мутахассисонро тайёр мекунад:
- Факултаи "Технологияҳои истеҳсоли сӯзишворӣ ва пайвастагиҳои органикӣ"
Маводи таркибӣ ва хока, молиданиҳо; Масолеҳи сохтмонӣ, мошинҳои корхонаҳо ва воҳидҳои саноати химия; Технологияи коркарди нафт ва газ; Технология, мошинҳо ва таҷҳизоти саноати чӯб; Технологияи химиявӣ (аз рӯи намуди истеҳсолот); Технологияи химиявии коркарди интиқолдиҳандагони саноатӣ ва маводи карбон; Электрохимия Кафедраи ҳарбӣ
- Факултаи технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ
Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ; Кимиёи аналитикӣ ва технологияи металлҳои нодири микроэлементӣ; Экологияи саноатӣ; Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ; Равандҳо ва дастгоҳҳои технологияи кимиёвӣ; Технологияи силикат.
- Факултаи технологияи хӯрокворӣ
Автоматика ва идоракунӣ; Технологияи коркарди ғалладона; Технологияи равғанҳо ва чарбҳо; Технологияи гӯшт, шир ва маҳсулоти консервшуда; Технология ва ташкили хӯроки умумӣ.
- Факултаи "Технологияҳои истеҳсоли шароб ва токпарварии саноатӣ"
Биотехнология; Технологияи шакар ва ферментатсия; Энология.
- Факултаи менеҷмент ва таълими касбӣ
Идоракунии сифати маҳсулот; Иқтисоди саноат ва идоракунӣ; Маълумоти касбӣ;
- Факултаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
- Шуъбаи ғоибонаи махсус (филиал дар Қунғирот (Ӯзбекистон).