Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
Донишкада́и тарбия́и ҷисмони́и Тоҷикисто́н ба номи С. Раҳимов — мактаби олии таълимӣ, ки барои мактабҳои олӣ, миёна, гимназияҳо, литсейҳо, коллеҷҳо мутахассисони соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ тарбия мекунад.
(ДТҶТ ба номи С. Раҳимов) | |
---|---|
Номи байналмилалӣ | Таджикский физкультурный институт имени С. Рахимова |
Ректор | Шодӣ Сафаров |
Донишҷӯён | 5640 |
Аспирантура | 9 |
Докторон | 2 |
Профессорон | 1 |
Омӯзгорон | 190 |
Мавқеъ | Тоҷикистон: Душанбе, Лучоб |
Нишонии ҳуқуқӣ | 734026, Тоҷикистон, Душанбе, кӯч. Лучоб, 53, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов |
Таъсис
вироиш15 марти 1971 таъсис ёфтааст. Дар ибтидо донишкада 2 факулта (омӯзгорӣ ва варзиш) ва 10 кафедра дошт, ки дар онҳо 620 донишҷӯ таҳсил мекарданд. Ба ғайр аз кафедраҳои ҷомеашиносӣ ва пизишкиву биологӣ, кафедраҳои варзиш низ дошт: варзиши сабук, бозиҳои варзишӣ, гимнастика, назария ва методикаи тарбияи ҷисмонӣ ва ғайра. Дастпарварони аввалини он донишкадаро соли 1975 хатм кардаанд. Он вақт дар донишкада шуъбаи ғоибона низ вуҷуд дошт. Солҳои 80 садаи XX дар донишкада кафедраҳои нав таъсис ёфтанд: тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, физиология, варзишӣ ва муолиҷавӣ, кафедраи ташкил, идора ва таърихи тарбияи ҷисмонӣ, кафедраи навъҳои техникии варзиш. Соли 1984 факултаи тайёрии ибтидоии ҳарбӣ ва таълими тарбияи ҷисмонӣ ташкил шуд.
Хатмкардагони донишкада
вироишАз хатмкардагони донишкада 211 нафар Устоди варзиши Тоҷикистон, 78 нафар Устоди варзиши собиқ ИҶШС, зиёда аз 280 нафар Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ гардидаанд. Зиёда аз 5000 хатмкардаи донишкада меъёри Устоди варзиши ИҶШС ва дараҷаи байналмилалиро иҷро намудаанд. Донишкада ҳамчунин теъдоди зиёди мутахассисони соҳаи ҳарбиро тарбия кардааст. Аз ҷумла, 9 нафар рутбаи генералӣ, зиёда аз 1170 нафар рутбаҳои ҳарбии подполковник ва полковник гирифтаанд.
Факултетҳо
вироишҲоло дар донишкада 5 факулта (сайёҳии кӯҳӣ, варзиш, омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ҷисмонӣ (ғоибона) ва 20 кафедра фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 5640 донишҷӯ таҳсил менамоянд. Ба онҳо 190 омӯзгор, аз ҷумла, 2 доктори илм, 1 проффесор, 8 номзади илм, 40 муаллими калон дарс медиҳанд, ки 21 нафари онҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошанд. Муҳлати таҳсил дар донишкада 4 сол аст. Дар донишкада оид ба илмҳои гуманитарӣ, инчунин назария ва таърихи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳқиқоти илмӣ анҷом дода мешавад. Ҳоло донишкада 9 унвонҷӯ дорад.
Серсохтор
вироишМасоҳати умумии донишкада 36 га буда, он дорои 1 майдончаи варзиш, 2 майдони калони футбол, 3 майдончаи волейболбозӣ ва баскетболбозӣ, 2 майдони варзиши сабук, 5 толори варзиш, 1 шаҳраки ҳарбӣ, хобгоҳ барои 600 донишҷӯ, 3 ошхона, китобхона (дорои 140000 китоби бадеӣ ва таълимӣ) мебошад.
Ректорони донишкада
вироиш- Умаров Т. У. (1971–75)
- Репа Ф. П. (1975–83)
- Ҳасанов И. Р. (1983–85)
- Сатторов А. С. (1985–86)
- Шукроев К. Ш. (1986–94)
- Ҷобиров Б. С. (1994–2001)
- Маҳмадов А. Н. (2001–06)
- Розиқзода А. Ш. (2006–09)
- Сафаров Ш. А. (2009-2024)
- Абдуллозода М. М. (аз соли 2024)
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.
Пайвандҳо
вироиш- «Варзишгар» — нашрияи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ(тоҷ.), Tajikistan times. Бойгонӣ шудааст 23 сентябри 2017 сол. Проверено 20 ноябри 2017.