Донишномаи Рӯдакӣ (Китоб)
Донишномаи Рӯдакӣ. (Иборат аз 4 ҷилд). (А – К). – Душанбе, 2008. Ҷилди I. – 592 с.
Мундариҷа
вироишҲарчанд дар бораи Рӯдакӣ рисолаву мақолаҳои зиёди таҳқиқотӣ навишта шуда, чандин асари ҷамъбастӣ ба забонҳои гуногун ба табъ расидааст, вале то ҳол як асари комили куллие набуд. Олимони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон барои офаридани донишномаи поягузори адабиёти форсу тоҷик «Донишномаи Рӯдакӣ», аз иттилооти зарурӣ доир ба ҳамаи паҳлӯҳои рӯзгору осори шоир ва кулли маълумоти дастрас дар робита ба Рӯдакӣ бошад, ҷамъ оварда ҷилди аввали «Донишномаи Рӯдаки»-ро тадвину таҳия намудаанд. Нахустин донишномаи тахассусии инфиродӣ - «Донишномаи Рӯдакӣ» фарогирандаи кулли мақолаҳои дорои ҳам ҷанбаи иттилоотӣ ва ҳам илмӣ буда, дар бораи аҳволу осори шоир, дараҷаи таҳқиқи ӯ, мақом ва шӯхраташ маълумот медиҳад. Роҷеъ ба ҳамаи сарчашмаҳои дастраси таърихию адабӣ, ки дар онҳо зикри Рӯдакӣ рафтааст, маълумот дода мешавад.
Донистаниҳо
вироишНусхаи электронии китоб дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон - kmt.tj гузошта шудааст.