Доробии Шерозӣ
Мирзоаббос фарзанди Мирзобобо Доробии Шерозӣ (форсӣ: دارابی شیرازی; 1810, Дороб, устони Форс — 1883, Шероз) — яке аз пайравони ҳикмати мутааллиҳа, шогирди Ҳодии Сабзаворӣ.
Доробии Шерозӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишУлуми ибтидоиро аз шайх Муҳаммад Насир дар мадрасаи «Илмия»-и Дороб омӯхт ва барои такмили таҳсил ба Шероз рафт. Баъдан аз таҳсили улуми нақлӣ даст кашида, барои касби улуми ақлӣ ба Сабзвор сафар кард. Чанд сол назди Ҳодии Сабзворӣ ҳикмат, ирфон ва мантиқро омӯхт, сипас ба Шероз бозгашт. Тибқи маълумоти Муҳаммадтақии Мир дар «Бузургони номии Порс», Сабзворӣ зимни ишора ба Доробии Шерозӣ мегӯяд: «Ин талабаи доробӣ бо як чашм он чӣ доштам, бо худ бурд». Аз ин бармеояд, ки Доробии Шерозӣ аз як чашм маҳрум будааст. Доробии Шерозӣ дар сайру сулук ва таҳзиби нафс кӯшиши зиёд намуд ва ба Мирзо Абулқосими Розии Шерозӣ, машҳур ба Сукут, дасти иродат дод. Ӯ баъди бозгашт ба Шероз ба таҳқиқу тадриси улуми ақлӣ пардохт. Тавре Фурсатуддавлаи Шерозӣ дар китоби «Дабистону-л-Фурсат» менависад, дере нагузашт, ки фақеҳон Доробии Шерозӣ-ро кофир хонда, қасди ҷонашро карданд. Ӯ бо ёрии волии вақт Фарҳод Мирзо аз марг наҷот ёфта, ба Дороб рафт. Пас аз муддате ба Шероз баргашт ва бо тарбияи толибони ҳикмату фалсафа машғул шуд. Доробии Шерозӣ шогирдони зиёдеро дар бахши фалсафа ва ҳикмат тарбия кардааст, ки маъруфтаринашон Фурсатуддавлаи Шерозӣ, Шайх Аҳмад Мударриси Шерозӣ, маъруф ба Шонасоз, Ғуломалӣ Ҳакими Шерозӣ, Мирзо Шиҳобуддини Найрезӣ, Мулло Абдуллоҳи Зарқонӣ, Мирзо Муҳаммадсодиқи Сарвистонӣ, Шайх Муҳаммадкозими Фирӯзободӣ, Ҳоҷӣ Муллоаҳмади Доробӣ мебошанд. Доробии Шерозӣ ҳаёти муҷаррадро ихтиёр намуда, хонадор нашудааст.
Аз осори маъруфи Доробии Шерозӣ «Туҳфату-л-Мурод» — шарҳи қасидаи Мирфиндирискӣ мебошад, ки онро ба волии Форс — Ҳисомуссалтана Султонмурод бахшидааст. Ин асар бори нахуст соли 1959 ва бори дуввум соли 1994 дар Теҳрон чоп шудааст. Асари дигари Доробии Шерозӣ «Шарҳ бар дуои комил» мебошад, ки ба сабки шарҳи Сабзворӣ ба дуои «Ҷавшан» ва «Сабоҳ» иншо шудааст. Ӯ инчунин ҳошияе бар «ал-Асфору-л-ақлияту-л-арбаа»-и Мулло Садрои Шерозӣ навиштааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Доробии Шерозӣ / И. Саидов // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.