Доро Наҷот
Доро Наҷот — шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1987), Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012), Шоири Халқии Тоҷикистон(2016).
Доро Наҷот | |
Таърихи таваллуд: | 4 май 1946 (78 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Айнӣ |
Навъи фаъолият: | шоир, тарҷумон |
Зиндагинома
вироишДоро Наҷот 4 майи соли 1946 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1961 фориғуттаҳсили мактаби мутавасситаи зодгоҳаш гашта, солҳои 1961-1966 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод таҳсил кардааст. Хидмати аскариро ба ҷой оварда, дар рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ кор кардааст. Соли 1978 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият») ба сифати хабарнигор ба кор шурӯъ карда, то соли 1991 дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурдааст. Моҳи марти соли 1991 сардабири «Сомон» – ҳафтаномаи Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ таъйин шуда, баъдан то нафақа баромадан корманди Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Фаъолияти эҷодии Доро Наҷот дар авохири солҳои шастум оғоз ёфтааст. Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Фаъолият
вироишМуаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Соҳиби кӯҳсор» (1979), «Шабнам» (1983), «Дарав» (1986), «Хирмани Маҳтоб» (1989), «Тулӯъе дар ғуруб» (1998), «Меоям аз шигифт» (2013) ва ғ. мебошад. Муаллифи рисолаи «Шайх Абулқосими Гургонӣ»-ст, ки дар авроқи он масоили марбут ба таърихи тасаввуф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтаанд. Фарҳанги «Доро»-и ӯ (2012) луғатномаи тафсирии навини беназирест, ки шарҳи беш аз панҷ ҳазор вожа, истилоҳ, таркиб ва ибораҳои рехтаи форсии тоҷикиро дар бар гирифта, суннати деринасоли фарҳангофаринии миллиро тадовим бахшида, дар тарвиҷу таҳкими минбаъдаи забони муштараки форсизабонони ҷаҳон ҳиссаи даркорӣ хоҳад гузошт. Доро Наҷот ба сифати яке аз муваффақтарин гӯяндагони «шеъри сафед» дар Тоҷикистон эътироф гардида, соли 2012 барои китоби ашъори «Меоям аз шигифт» сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст. Ашъори алоҳидаи ӯ ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва дар бархе нашрияҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидаанд. Як идда аз ашъори А.Блок, Ф.Тютчев, А.Ахматова, В.Соколов, М.Дудин, шоири украин Д.Павличко ва шоири ӯзбек Омон Матчонро ба тоҷикӣ гардондааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2012).[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 162 ISBN 978-99947-2-379-9