Достони симфонӣ — асари якқисмаи симфонӣ бо барномаи шакли қиссагӣ (ҳикоягӣ), бо хислатҳои лирикӣ ё драматикӣ; яке аз намудҳои асосии мусиқии барномавист. Достони симфонӣ одатан дар шакли озод сохта мешавад; иртиботи мусиқию шеърӣ дошта, сюжети он асосан адабию фалсафист. Доираи мавзӯъҳои он фарох, мукаммалу рангин ва ҳудуди андозаву мафҳуми жанри он дар асрҳои баъдина аниқтару саҳеҳтар шуд. Аввалин намунаҳои Достони симфониро композитори бузурги маҷорӣ Ф. Лист (а. XIX) эҷод намудааст («Тассо», «Перлюдияҳо» ва ғайра). Ф. Лист муаллифи 13 Достони симфонӣ мебошад. Достони симфониро дар адабиёти мусиқии ҷаҳон композиторон М. Балакирев, А. Глазунов, А. Скрябин, Б. Сметана, Р. Штраус ва дигарон машҳур намудаанд. Достони симфонӣ дар мусиқии симфонии тоҷик мақоми муайян дошта, композиторони тоҷик ба ин намуди мусиқии симфонӣ асарҳои зиёд офаридаанд, ки мавзӯъҳояшон гуногунанд: шукӯҳу азамати шаҳрҳои қадими Шарқ («мароқанди»-и Ф. Баҳор, «Деворнигораҳои Панҷакенти бостонӣ»-и Ш. Пӯлодӣ, «Деворнигораҳои Суғд»-и М. Бафоев, «Деворнигораҳои тоҷик»-и А. Солиев) ва ғ. Ба мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ («Ёдбуди аскари номаълум»-и Ф. Баҳор, «Ёдбуди қаҳрамонони шаҳидгаштаи муҳорибаи Сталинград»-и М. Атоев, «Хотираи дили»-и А. Солиев, «Хотира»-и Б. Пиговат) чанд асар ба ёдбуди ходимони адабиёт ва санъати Тоҷикистон («Ҷонона»-и Қ. Яҳёев, «Хотираи М. Турсунзода»-и З. Шаҳидӣ, «Хотираи Айнӣ»-и А. Солиев, «Ёдбуди Абӯалии Сино»-и Ю. Тер-Осипов), достонҳои симфонии хотиравӣ («Соли 1917»-и З.Шаҳидӣ, «Ленин дар Помир»-и А. Одинаев) ва ғ. Ба услуби симфонӣ даровардани мусиқии классикӣ низ ҷой доранд: «Сегоҳ»-и Ф. Шаҳобов, Ш. Соҳибов, Ю. Тер–Осипов, «Бузрук»-и З. Шаҳидӣ, «Мақом»-и Я. Сабзанов. Достонҳои симфонии «Қишлоқи тилоӣ» ва «Ленин дар Помир» аз рӯи асарҳои М. Миршакар офарида шудаанд. Зиёда аз 20 композитори тоҷик ба ин намуди мусиқии симфонӣ рӯ овардаанд, аз ҷумла Х. Абдуллоев, Ю. Мамедов, А. Латифзода, Т. Сатторов, Ф. Солиев, М. Ҳасанова, Т. Шаҳидӣ ва чанд тани дигар.[1]

Нигаред

вироиш
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 135. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)