Доъии Андиҷонӣ
Доъии Андиҷонӣ (форсӣ: داعی اندیجانی; қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишАз зодгоҳаш Андиҷон барои таҳсил ба Бухоро омада, дар мадрасаи Мири Араб таҳсил мекард. Дар синни камол оиладор шуд, вале зиндагии оилавиаш хуб набуд. Ба ҳамин сабаб ба Ҳиндустон рӯй оварду дар Гуҷарот сокин шуд. Дар тазкираҳои «Тазкирату-ш-шуарои Ҷаҳонгирӣ», «Тазкирату-ш-шуаро» (ҳар ду аз Мутрибии Самарқандӣ), «Табақоти Акбарӣ», «Туҳфату-л-аҳбоб», «Маҷмау-ш-шуарои Ҷаҳонгиршоҳӣ» аз эҷодиёташ намунаҳо овардаанд. Дар анвои гуногуни адабӣ — қасида, ғазал, рубоӣ шеър мегуфтааст.
Ин байт аз ӯст:
Доъӣ ба хидмат омаду иқбол дарнаёфт,
Бӯсид остону дуо гуфту бозгашт.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Доъии Андиҷонӣ / М. Диловаров // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.