Доъии Шерозӣ (форсӣ: داعی شیرازی[1]), Сайид Низомуддин Маҳмуд ибни Ҳасан (форсӣ: سید نظام‌الدین محمود بن حسن حسنی‎, мулаққаб ба Доъиюллоҳ; 1407, Шероз — 1466, ҳамон ҷо) — шоир, нависанда ва орифи форс-тоҷик.

Доъии Шерозӣ
Таърихи таваллуд: 1407
Таърихи даргузашт: 1466
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Аз наводагони Доъии Сағир — Абумуҳаммад Қосим ибни Ҳасан (асри 10) — волии Табаристону Рӯёну Гургон буд ва бад-ин сабаб барои худ тахаллуси Доъиро пазируфтааст. Аз кӯдакӣ ба касби илму дониш пардохта, дар ибтидо ба хидмати Шайх Муршидуддин Абуисҳоқи Биҳронӣ (фавт 1447) — яке аз муридони Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (фавт 1441) расидааст. Баъди муддате, бо тавсияи шайхи мавсуф, ҳамроҳи бародараш Сироҷуддини Яъқуб ва яке аз содоти Инҷу — Шуҷоуддини Азиз барои касби иродат ба хидмати Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ ҳозир шуда, дар нахустин дидор шарафёби хирқаву салла гардидааст. Пас аз он ба Шероз, ба хидмати устодаш Биҳронӣ баргашта, баъди даргузашти эшон аз акобири хулафои Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ дар Шероз будааст. Доъии Шерозӣ сӣ сол воизӣ карда, дар анвои гуногуни назму насри суннатӣ таълифоти мутааддиде боқӣ гузоштааст, ки ба забонҳои форсиву арабӣ нигошта шудаанд. Куллиёти ашъори ӯ фарогири маснавиёт, ғазалиёт, муқаттаот, қасоид, тарҷеъбанд, рубоиёт, муфрадот ва муламмаот муштамил аз бахшҳои «Маснавиёти ситта», «Девони қудсиёт», «Девони воридот», «Девони содирот», «Сухани тоза» ва «Файзи муҷаддад» аст. Маснавиҳои Доъии Шерозӣ дар сабки Низомиву Хусрави Деҳлавӣ офарида шуда, дар шаш дафтар фароҳам омадаанд ва бо номҳои «Ситтаи Доъӣ»-ву «Маснавиёти ситта» машҳуранд; дар шарҳи мазмунҳои ирфонӣ баҳс мекунанд: 1. «Мушоҳид» (1433); 2. «Ганҷи равон» (1438); 3. «Чаҳор чаман» (1439); 4. «Чиҳил сабоҳ» (1440); 5. «Чашмаи зиндагонӣ» (1452); 6. «Ишқнома» (1452). «Девони қудсиёт» аз ҳамду наъту муноҷот таркиб ёфтааст, ки дар қолаби ғазалу тарҷеот рехта шудаанд. «Девони воридот» аз ҳамду мадҳ иборат аст, ки дар ғазалу қасидаву қитъа ва тарҷеъбанду маснавӣ нигошта шудаанд. «Девони содирот» рубоиёти ӯро дар бар мегирад. Девони «Кони малоҳат» ва маснавии «Се гуфтор»-ро бо лаҳҷаи маҳаллии Шероз навиштааст. Асарҳои «Тароиқу-л-ҳақоиқ», «Лайливу Маҷнун», «Хайру-з-зод», «Маҳозиру-с-сияр фӣ аҳволи хайрулбашар» (назму наср), «Баёну аён», «Ҷавоҳиру-л-кунуз» (дар шарҳи рубоиёти Саъдуддини Ҳамавӣ), «Низому саранҷом»-и Доъии Шерозӣ бо забонҳои форсиву арабӣ таълиф гардидаанд.

  1. داعی شیرازی | مرکز دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. www.cgie.org.ir. 16 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Доъии Шерозӣ / А. Афсаҳзод, А. Раҳмонфар // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.