Доғи Деҳлавӣ
Иброҳим Доғи Деҳлавӣ (форсӣ: داغ دهلوی), мулаққаб ба Наввоб Мирзохон, Фасеҳулмулк ва Булбули Ҳиндустон (25 май 1831[1], Деҳлӣ ё Роҷи Бритониё — 17 март 1905[2], Ҳайдаробод, Роҷи Бритониё) — шоири форсигӯи Ҳиндустон.
Тахаллусҳо: | Daagh |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 25 май 1831[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 17 март 1905[2] (73 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | урду |
Зиндагинома
вироишДар ёздаҳсолагӣ ба шеъргӯӣ оғоз кардааст. Устодаш шоире бо номи Завқии Деҳлавӣ (фавт 1854) буд. Навиштаҳои ӯро ашхоси шоирпешаву сиёсатмадорони давр — Баҳодуршоҳи Зафар, Мирзо Асадуллоҳи Ғолиб, Завқии Деҳлавӣ ва дигарон ситудаанд. Дар синни наврасӣ дар маҳфилҳо ва маҷлисҳои адабии дарбори ҳукмрони Ромпур иштирок мекардааст. Дар дарбори ҳукмрони Ҳайдаробод низ хидмат карда, чун шоири хушбаёну борикназар обрӯю эътибор дошт. Мувофиқи маълумоти манбаъҳо ӯ, асосан, ғазалҳои ошиқона мегуфт. Се девон ва маснавиеро бо номи «Фарёди Доғ» ба ӯ нисбат додаанд, аммо ин асарҳояш дастраси муҳаққиқон нагардидаанд. Ашъори парокандааш тавассути тазкираҳо расидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 https://www.rekhta.org/authors/dagh-dehlvi
Адабиёт
вироиш- Доғи Деҳлавӣ / Ҳ. Раҷабов // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.