Дулдул
Дулдул (ар. دلدل) — номи астари хокистарранг, нахустин хачири мусулмонон, ки ҳокими Искандария Муқавқис онро бо харе бо номи Уфайр ё Яъфур ба пайғамбар (с) ҳадя карда буд.
Пайғамбар (с) дар ғазваҳои зиёде бар Дулдул савор буда аст. Дулдул бисёр умр дида, то ба рӯзгори Муовия ибни Абусуфён зинда будааст ва дар Янбаъ мурдааст. Муҳаммад (с) пеш аз вафоташ онро бо ҳамроҳи зиреҳаш ба Алӣ ибни Абитолиб (р) туҳфа кардааст ва ӯ дар ҷангҳои Ҷамал ва Сиффин бар Дулдул савор будааст. Дулдул дар адабиёти форстоҷик ҳамчун образи бадеӣ мавриди истифода қарор гирифтааст:
Чаҳорум Алӣ – шоҳи Дулдулсавор,
Хирадманд Усмони шабзиндадор. |
Адабиёт
вироиш- Дулдул // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — С. 221. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.