Дӯстмуҳаммади Ҳиравӣ
Дӯстмуҳаммад ибни Сулаймон Кушвонии Ҳиравӣ (форсӣ: دوستمحمد بن سلیمان کوشوانی هروی; ? — 1550) — хушнавис, музаҳҳиб[1], наққош ва нависандаи форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд | асри XV |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 1560-ум |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишД. аз аҳли Кӯшвон, яке аз деҳаҳои атрофи Ҳирот буд. Дӯстмуҳаммад хатҳои настаълиқ, насх, сулс, рифоъ ва шикастаи таълиқро хуб менавишт. Ӯ шогирди Мавлоно Қосими Шодбашоҳ буд. Дӯстмуҳаммад аз Ҳирот ба китобхонаи шоҳ Таҳмосп рафта, дар он ҷо бо хаттотӣ машғул шудааст. Бо дастури шоҳзода Абулфатҳ Баҳроммирзо маъмури гирдоварии анвои хат ва мусаввараҳо гардида, рисолаеро бо номи «Ҳолоти ҳунарварон» (1544–45) тасниф намудааст. Ин рисола ҳоло дар осорхонаи Тӯпкоп-саройи Истанбул нигаҳдорӣ мешавад. Дар ин рисола дар бораи таърихи пайдоиши хат, устодони хушнависи хатти таълиқ ва настаълиқи Осиёи Марказӣ, санъати мусаввирӣ ва мусаввирони замон (аз ҷумла Абдулҳай Ҷаҳонгири Бухороӣ ва дигарон) маълумот дода шудааст. Аз осори ӯ инчунин нусхаи «Маҷолису-л-ушшоқ» ба хатти настаълиқ (1564, Китобхонаи Мадрасаи Сипаҳсолор, Теҳрон), нусхаи маснавии Шайх Аттор ба хатти настаълиқи олӣ (Китобхонаи оммавии Санкт-Петербург ба номи Салтиков-Шедрин) ва ғ. боқӣ мондаанд. Дар осорхонаи Қуръони остони Қудси Разавии Эрон нусхае ба хатти ин хушнавис мавҷуд аст, ки бо номи «Қуръони панҷтафсира» маъруф мебошад. Дар қисмати васати Қуръон тарҷумаи форсӣ ва дар атрофи он мадорик аз тафсирҳои Кошифӣ (Ҳусайнӣ ё Воизӣ ҳам мегӯянд), Кашшоф, Ҷалолайн, Байзовӣ мавҷуданд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ دوست محمد هروی. دایرة المعارف اسلامی.
Адабиёт
вироиш- Дӯстмуҳаммад // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.