Евро́па (лот. Europa) — яке аз астероидҳои калонтарини тасмаи асосӣ (№52), 4 феврали 1858 астрономи олмонӣ Герман Голдшмидт кашф намудааст ва ба шарафи шоҳдухтари афсонавии асотири Юнони Қадим Европа номгузорӣ шудааст[1].

Ба қатори даҳ астероиди калонтарини тасмаи асосӣ шомил аст. Ба гурӯҳи астероидҳои тираи гурӯҳи С дохил мебошад ва аз моддаҳои карбондор ташкил ёфтааст. Параметрҳои физикӣ ва динамикии астероид чунин аст: андоза 302,5 км, масса 1,65·1019 кг, зичӣ 1,14 г/см³, қадри мутлақи ситоравӣ 6,31m, ҳарорати миёна – 100 °С, масофаи миёна то Офтоб 3,097 в.а., даври гардиш дар атрофи Офтоб 5,451 сол ва даври чархиш дар атрофи меҳвараш ба 5,630 соат баробар аст

Эзоҳ вироиш

  1. Schmadel, Lutz D. Dictionary of Minor Planet Names. — Fifth Revised and Enlarged Edition. — B., Heidelberg, N. Y.: Springer, 2003. — P. 20. — ISBN 3-540-00238-3.