Елена Ивановна Вознесенская

Елена Ивановна Вознесенская (тав. 26.08. 1917, ш. Тилиси Ҷумҳурии Гурҷистон — маълум нест) — биолог, номзади илмҳои биология (1959), дотсент (1974).

Елена Ивановна Вознесенская

= Зиндагинома вироиш

Соли 1936 техникуми хоҷагии қишлоқ ва соли 1941 факултети зироатҳои субтропикии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Гурҷистонро бо баҳои аъло хатм намудааст. Аз июни соли 1941 то ноябри 1941 ҳамчун агроном дар Сухуми ва аз декабри соли 1941 то сентябри соли 1943 дар китобхонаи донишкадаи хоҷагии қишлоқ ба сифати китобхоначӣ кор кардааст. Солҳои 1943—1944 лаборанти кафераи селексия ва генетикаи донишкадаи мазкур буд. Солҳои 1944—1945 дар ш. Очемчири ҶШС Гурҷистон дар маркази илмӣ-тадқиқотии рустаниҳои каучукдор ба ҳайси коркуни калони илмӣ ва мудири шуъбаи селексия фаъолият намудааст. Родственников ищите?

Солҳои 1948—1953 ходими калони илмии боғи ботаникии АИ ҶШС Тоҷикистон, 1953—1956 аспиранти Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1956—1960 корманди илмии институти мазкур, 1960—1966 корманди боғи ботаникӣ буд. Солҳои 1967—1993 ҳамчун муаллими калон ва дотсенти кафедраи ботаникаиДонишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 16 мақолаҳои илмӣ аст. Соли 1959 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Хусусиятҳои рушд ва сабзиши баъзе рустаниҳои дарахтии Тоҷикистон» дифоъ намудааст. Бо ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1960) мукофотонида шудааст.

Пайвандҳо вироиш