Жак-Анж Габриэл
Анж-Жак Габриэл (фр. Ange-Jacques Gabriel); ё Жак-Анж Габриэл, ҳамчунин Габриел (23 октябр 1698, Порис — 4 январи 1782, ҳамон ҷо) — меъмори фаронсавӣ, президенти Академияи меъморӣ ва «меъмори аввали шоҳ» (1742), яке аз асосгузорони класситсизм.
Жак-Анж Габриэл | |
---|---|
фр. Ange-Jacques Gabriel | |
Иттилооти асосӣ | |
Мамлакат | |
Таърихи таваллуд | 23 октябр 1698[1][2][3] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 4 январ 1782[1][2][3] (83 сол) |
Маҳалли даргузашт |
Дар назди падараш — меъмори маъруф Жак Габриэл (Габриели V) ва Академияи меъмории Порис (аз соли 1718) таҳсил кардааст. Сохтмонҳои Жак-Анж Габриэл бо содагию равшании тарҳ, шакли возеҳи меъморӣ, мӯҷазии корбурди ҷузъиёти ороишӣ фарқ мекунанд (бозсозии қисми шимолӣ ва навсозии андаруни қасрҳо дар Версал, 1734-74; Театри операи Версал, 1763-70; Трианони Хурд, 1762-54). Дар лоиҳаи майдони Людовики XV дар Порис (1753-75, ҳоло майдони Ризо) Жак-Анж Габриэл аз усулҳои класситсизм истифода кардааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Jacques Ange Gabriel (нидерл.)
- ↑ 3.0 3.1 Архив изобразительного искусства — 2003.
Адабиёт
вироиш- Всеобщая история архитектуры. Т. 7-11. М., 1969-73;
- Кантор А. М., Кожина Е. Ф., Лифшиц Н. А. Искусство XVIII века //Малая история искусств. М., 1977;
- Новая российская энсиклопедия. Т. IV (1). М., 2008.
Сарчашма
вироиш- Габриел Жак Анж // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.