Жило Гулназарзода

забоншинос

Жило Гулназарзода (Гулназарова, Жило Буриевна[1]; 19 сентябри 1972, деҳаи Боғи Ҳабиб, ноҳияи Муъминобод) — забоншинос, доктори илмҳои филология (2020).Аълочии маорифи Тоҷикистон (2015)

Жило Гулназарзода
Жило Буриевна Гулназарова
Таърихи таваллуд 19 сентябр 1972(1972-09-19) (52 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Муъминобод
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Жило Гулназарзода соли 1994 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаааст. Солҳои 2006—2009 котиби илмии кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; солҳои 2008—2011 раиси Шӯрои бонувону духтарони факултети филологияи ДМТ ; солҳои 2012—2017 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ; аз соли 2018 котиби илмии Шӯрои диссертатсионии назди ДМТ; 2019—2020 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «Таснифоти маъноии феъл дар „Баҳористон“-и Абдурраҳмони Ҷомӣ» соли 2009 ва рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Семантикаи феъл дар забони адабии тоҷикӣ (Дар намунаи осори бадеии Абдураҳмони Ҷомӣ)» дар соли 2020 ҳимоя кардааст[2].

Мавсуф муаллифи китобу дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ ва силсилаи зиёди мақолаҳои илмӣ мебошад.

Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ

вироиш

Жило Гулназарзода солҳои 2006-2009 котиби илмии кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ; солҳои 2008-2011 раиси Шӯрои бонувону духтарони факултети филологияи ДМТ; солҳои 2012-2017 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ; аз соли 2018 котиби илмии Шурои диссертатсионии назди ДМТ; аз 01.10.2019 то соли 2020 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи ДМТ. Аз моҳи ноябри соли 2020 то моҳи декабри соли 2022 ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода . Аз январи соли 2023 то ҳол ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.[3].

Ҷоизаҳо

вироиш

Барои саҳмгузорӣ дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас соли 2015 бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сазовор дониста шуд.

  • Таснифоти маъноии феъл дар «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ. — Душанбе: Шуҷоиён, 2011. — 168 с. (монография),
  • Луғати феълҳои «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ (2014),
  1. Гулназарова Жило Бӯриевна. philol.tnu.tj. 5 май 2021 санҷида шуд.
  2. Ректор. www.ddzt.tj. 26 май 2023 санҷида шуд.
  3. Ректор. www.ddzt.tj. 26 май 2023 санҷида шуд.