Рӯзноманигорӣ

(Тағйири масир аз Журналистика)

Рӯзноманигорӣ, журналистика (франс. journal — рӯзнома, jor — рӯз; асоси лот. diuria — рӯзбайъ) — ниҳоди махсуси иҷтимоӣ, сиёсӣ ва эҷодие, ки вазифаи асосиаш ҷамъ овардан, омода кардан ва пахши ахбори иҷтимоӣ тавассути воситаҳои ахбори омма (матбуот, радио, ТВ, интернет, кино ва ғайра) аст. Зери мафҳуми Журналистика ҳамчунин маҷмӯи фаъолияти ҳамаи субъектҳои ин соҳа — касбҳои гуногун, фанҳои илмиро низ мефаҳманд.

Таърих

вироиш

Журналистика, аслан бо пайдоиши матбуот ба вуҷуд омадааст, аммо то ба вуҷуд омадани нашрияҳо иттилоърасонӣ дар шакли ҷорчигӣ, қаландарӣ ва воизӣ вуҷуд дошт. Ин шаклҳои журналистикаи «тожурналистӣ» ҳануз дар Юнон ва Руми Бостон маъмул буд. Ихтирои дастгоҳи чопӣ, ки аз ҷониби Э. Гутенберг ба амал омад, боиси ташаккули иртиботи оммавии хаттӣ, интишори нашрияҳо ва чопи китоб гардид, ки дар ташаккули журналистика ҳамчун омили муҳим замина гузоштанд. Аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикардаи Аврупо (Олмон-1609, Англия-1622, Франсия-1631) ба вуҷуд омадаанд. Ин нашрияҳо бештар равияи илмӣ доштанд ва дар онҳо имкониятҳои матбуоти даврӣ, минҷумла иттилоърасонӣ ва тарғиб дар сатҳи паст қарор дошт. Инқилоби буржуазии Аврупо ба инкишофи сифативу миқдории Ж. такон бахшид. Дар журналистика муносибатҳои бозорӣ ба вуҷуд омад, ки ба дигаргун шудани нақш ва мавқеи журналистика дар ҷомеа мусоидат кард. Дар журналистикаи Ғарб мавқеи фаъоли иҷтимоӣ ва озодии сухан хусусияти хос гардид. Дар Русия аввалин рӯзнома «Ведомости» аст, ки соли 1702 бо дастгирии Пётри 1 таъсис шудааст. Махсусияти журналистикаи русро дар асрҳои 19-20 маҷаллаҳои адабии ғафс («Отечественные записки», «Современник», «Новый мир», «Звезда», «Дружба народов»), ташкил медиҳанд, ки ҳамчун минбари ҷамъиятӣ барои музокираи масъалаҳои мубрами сиёсиву иҷтимоӣ истифода мешуданд. Нависандагону шоирони рус ҳам журналист ва ҳам муҳаррирони ин нашрияҳо буданд (Н. М. Карамзин, А. С. Пушкин, Н. А. Некрасов, М. Е. Салтиков-Щедрин, Ф. М. Достоевский, А. П. Чехов, М. Горкий). Дар муқоиса ба Ғарб журналистикаи рус зери фишори маҳдудиятҳои сензуравӣ ташаккул ёфтааст.

Жанрҳои рӯзноманигорӣ

вироиш

Жанр дар рӯзноманигорӣ — намуди маводи публитсистӣ, шакли ташкил ва инъикоси воқеият, ки маҷмӯи аломатҳои сохториву композитсиониро фарогир аст. Дар рӯзноманигорӣ баъзе онро шаклҳои муайяни инъикоси воқеият тавсиф намоянд, гурӯҳи дигар тартиби маънавии нисбатан устуворро омили асосии ташкили жанр меҳисобанд. Шаклҳои гуногун ва мухталифи инъикоси воқеа, ҳолату рӯйдод, ҷараён ва вазъият, ки аз ҷиҳати аломат, хусусият ва сохт унсурҳои умумӣ, такроршаванда ва хоса доранд, жанр номида мешавад. Дар назарияи журналистикаи муосир чун қоида ба сифати аломатҳои асосии жанрсоз предмети инъикос, мақсади инъикос ва усули инъикос низ шинохта мешавад. Ин омилҳо дар ҷараёни ташкили жанр низ беаҳамият нестанд. Ҳар гуна зуҳуроти табиӣ ва иҷтимоӣ, ки барои инсон аҳамият дорад, метавонад предмети инъикос қарор гирад. Аммо танҳо предмети инъикос омили жанрсоз буда наметавонад. Дар инъикоси предмет муносибати муаллиф нақши муҳимро иҷро мекунад. Муносибати муаллиф ба предмети инъикос боиси рангорангии жанрҳо ва муайян шудани мушаххасоти онҳо мегардад. Жанр табиати худро дорад, ки таркиби онро категорияҳои гуногун: таърихӣ, шакли махсуси ташкили мавод, типологӣ, гносеологӣ, мифологӣ, аксеологӣ ва эҷодию созмондиҳӣ ташкил медиҳанд. Жанр тартиби шаклӣ ва маънавии нисбатан устувори ташкили асар аст, ки мундариҷаи он ба тарзи муносибат ба воқеият ва дараҷаи маърифати эҷодкор вобаста мебошад. Ҳар як жанр хусусият ва аломатҳои характерноки худро дорад. Жанрҳо, пеш аз ҳама, бо хислати объекти инъикосшаванда фарқ мекунанд. Дар бисёр ҳолатҳо объекти публитсистикаро фактҳо, воқеияти иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Дар хабар факт инъикос мешавад. Дар мухбирнома, репортаж, ҳисобот, очерк ва ғ. сухан бевосита дар бораи ҳодисаҳои зиндагӣ меравад. Дар ҳолати дигар (масалан, дар навиштани тақриз, баъзан табсира) муаллиф ба тавзеҳи воқеият сару кор мегирад.

Жанрҳои журналистикаро бо назардошти хусусиятҳои умумӣ, усулҳои инъикос ва муносибати муаллиф ба воқеият ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд:

1) жанрҳои хабарӣ (хабар, ҳисобот, мусоҳиба ва репортаж), ки мақсади асосиашон доир ба воқеаву рӯйдоди нав ба таври фаврӣ дарак додан мебошад;

2) жанрҳои таҳлилӣ (мухбирнома, табсира, мақола, нигориш, тақриз, хулосаи матбуот, мактуб, таҳқиқи журналистӣ ва ғайра). Дар ин гурӯҳи жанрҳо ҳадафи асосӣ баёни фикр буда, факту рақам дар онҳо нақши собитсозиро мебозанд;

3) жанрҳои публитсистӣ-бадеӣ (лавҳа, очерк, фелетон, памфлет, пародия, луқма, эпиграмма, шарж), ки дар онҳо воқеаҳои ҳаётӣ дар қолаби бадеӣ, вале типнашуда тасвир меёбанд.

Дар журналистикаи муосир аксари жанрҳо вазифа ва хусусияташонро тағйир додаанд. Мусоҳиба бештар барои таҳлили оммавии масъалаҳои иҷтимоӣ истифода мешавад. Репортаж хусусияти нақлӣ пайдо карда, бештар воқеаҳои тазодро фаро мегирад. Фелетон ҳамчун баёнгари ҳуқуқвайрокунии инсонҳо истифода мешавад. Дар ВАО-и имрӯз, хоса матбуот, нигоштаҳое ба назар мерасанд, ки хусусияти омехта доранд. Баъзе муҳаққиқон чунин нигоштаҳоро ба сифати жанри алоҳида (назарпурсӣ, саволу ҷавоб, мониторинг, рейтинг, версия, вокуниш ва ғайра) шинохтаанд.

Журналистикаи тоҷик

вироиш

Дар пайдоиши журналистикаи тоҷик се омил: матбуоти тофорсӣ, матбуоти умумифорсӣ ва матбуоти Туркистон замина гузоштааст. Дар таъсири ин омилҳо нахустрӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» соли 1912 дар шаҳраки Когон (наздикии Бухоро) ба табъ расид. Баъд аз ин рӯзномаи «Самарқанд» (1913) ва маҷаллаи «Оина» (1913—1915) интишор гардиданд. Дар оғоз журналистикаи тоҷик хусусияти маорифпарварона дошт, зеро бо дастгирии маорифпарварону таҷаддудхоҳон ба вуҷуд омада, ислоҳоти мактубу маорифро пайгирӣ мекард. Рушди илму техника боиси инкишофи шаклҳои гуногуни журналистика гардид. Дар солҳои 1920 журналистикаи суратгирӣ, дар солҳои 1930 журналистикаи радио, дар солҳои 1950—1960 журналистикаи телевизион ва дар ибтидои асри XXI журналистикаи чандрасонӣ ба вуҷуд омад.

Ҷараёни инкишофи журналистикаи тоҷикро ба се марҳилаи асосӣ: тоинқилобӣ, замони шӯравӣ ва давраи истиқлол ҷудо мекунанд, ки ҳар кадом хусусияти хос дорад. Ба давраи аввал хусусиву тиҷоратӣ, дуюм ҳизбӣ ва сеюм низоми гуногун хос аст. Журналистика якчанд вазифаро иҷро мекунад, аммо муҳимтарини он иттилоърасонӣ аст. Дар ҷомеаи муосир иттилоот ба мол табдил ёфтааст, ки манфиатҷӯйӣ аз журналистикаро зиёд мекунад («Ҳар ки иттилоот дорад, ҷаҳонро идора мекунад»). Дар замони шӯравӣ вазифаи асосӣ тарғибу ташвиқ буд ва журналистика ҳамчун воситаи таъсири идеологӣ амал мекард. Баъзан бо назардошти вазифаҳои идорӣ ва ташкилӣ журналистикаро «ҳокимияти чорум» меноманд. Журналистика ҳамчунин вазифаҳои иртиботӣ, фарҳангӣ, рекламвӣ ва реакритивиро иҷро мекунад. Яке аз шартҳои мавҷудияти журналистика дар ҷомеа озодии матбуот аст. Ин шарт аз ҷониби Ҷ. Милтон дар асоси фаҳмиши принсипҳои идеалистии озодии сухан ба вуҷуд омада, дар заминаи он илми журналистикаи буржуазӣ инкишоф ёфтааст. Журналистикаи муосири тоҷик ба модаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон («Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода мешавад») такя мекунад. ВАО-и озод танҳо дар ҷомеаи демократӣ буда метавонад, дар навбати худ озодии матбуот нишондоди сатҳи демократия аст. Дар шароити демократия журналистика манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоиро ба тарзи гуногун баён мекунад. Журналистикаи озод имкон медиҳад, ки масъалаҳои аҳамияти маҳаллӣ ва миллидошта, ошкоро мавриди музокира қарор гиранд, ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ дар кори давлат иштирок намоянд, сензура аз байн равад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон расман сензура вуҷуд надорад. Давлат барои мавҷудияти журналистика асосҳои қонунгузориро таъмин намудааст. Дар Тоҷикистон соҳаи журналистика ва ВАО-ро Конститутсияи ҶТ, қонунҳои ҶТ («Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (1990, 2013), «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» (1996), Дар бораи иттилоот" (2002), «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (1998), «Дар бораи сирри давлатӣ» (2002), «Дар бораи реклама» (2003) ва ғ. ба танзим медароранд. Фаъолияти журналистикаро ҳамчунин этикаи касбӣ ба танзим медарорад. Санадҳои байналхалқии этикаи касбии гуногун: (мас. «Принсипҳои байналхалқии этикаи касбии журналист», 1983), кодексҳои кишварҳои алоҳида (мас. «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» (2009), меъёрҳои касбии ширкатҳои расонаӣ, идораи нашрияҳо ва ғ. мавҷуданд. Иттиҳодияҳои касбию журналистӣ ва ташкилотҳои гуногуни иҷтимоие низ мавҷуданд, ки риояи этикаи журналистиро пайгирӣ мекунанд. Мас., дар ИМА аз «омбудсменҳо» (мунаққидони нашрияҳо, ки арзу шикояти мардумро аввал омӯхта, баъд интишор мекунанд) истифода мебаранд.

Мукофоти Пулитсер

вироиш

Маълумоти касбии журналистӣ дар нимаи дуюми садаи XIX дар ИМА ва Олмон ба вуҷуд омад. Соли 1903 рӯзноманигори америкоӣ Ҷ. Пулитсер донишгоҳи Колумбия (Ню Йорк) ва ҳамин сол мукофоти Пулитсерро таъсис дод.

Дар ИҶШС дар солҳои 1920 донишкадаҳои коммунистии журналистика ба вуҷуд омаданд. Дар Тоҷикистон соли 1966 дар факултети филологияи тоҷики ДДТ шуъбаи журналистика таъсис ёфт, ки дар заминаи он соли 1992 факултети журналистика ва тарҷумонӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил шуд. Имрӯз дар донишгоҳҳои Тоҷикистон як факултет ва 7 шуъба бо ихтисосҳои гуногун журналист тайёр мекунанд. Яке аз масъалаҳои муҳими журналистика хислати эҷодии пешаи журналистӣ мебошад. Журналист на танҳо рӯйдодҳоро инъикос мекунад, балки онҳоро шарҳ медиҳад. Аз ин рӯ, ду навъи журналистика ба вуҷуд меояд: журналистикаи хабаррасонӣ, рӯзноманигории таҳлилӣ. Журналисти муосир бояд ҷаҳонбиниаш васеъ, дорои сифатҳои муайяни шахсӣ, ҳамакор, ҷӯянда, кунҷков, хушмуомила, дилёб, кордон ва ғ. бошад.[1]

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. — Душанбе: Аржанг, 2016. — 480 с. — С.80-83. ISBN 978-999-47-43-37-7