Журналистикаи авторитарӣ

Журналистикаи авторитарӣ – консепсияи иртиботи оммавӣ. Дар асрҳои XVI – XVII шакл гирифта, имрӯз дар баъзе кишварҳо амалӣ мегардад. Пайдоиши он ба фалсафаи ҳокимияти мутлақи подшоҳӣ алоқаманд аст. Мувофиқи ин назария матбуот дар дасти ҳокимияти давлатӣ ва ё ашхоси аз шоҳ иҷозатгирифта мебошад. Масъулини ВАО уҳдадоранд, ки ҳукуматро дастгирӣ намуда, ба ҳокимият ва давлат хидмат кунанд. Ин гуна матбуот зери сензура қарор дорад, ки мувофиқи он танқиди шахсони ҳукуматӣ манъ аст. Дар байни мамолики собиқ шӯравӣ ин ҳолат дар ВАО-и Туркманистон мушоҳида мешавад.[1]

Нигаред

вироиш
  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 83. ISBN 978-999-47-43-37-7