Забиҳа (ар. ذبيحة‎), забҳи исломӣ (форсӣ: ذبح اسلامی‎), забҳи ҳалол (форсӣ: ذبح حلال‎) — ба маҷмӯъаи дастурҳое гуфта мешавад, ки дар дини ислом барои тарзи забҳу омодасозӣ ва пухти анвоъи ғизо тавсия шудааст. Решаи қуръонии ин дастуроти фиқҳӣ аз оёти сураи Моида ва сураи Бақара истихроҷ шудааст.

Сураи Моида, ояи 3:

... حُرِّمَتْ عَلَيْكُمُ الْمَيْتَةُ وَالْدَّمُ وَلَحْمُ الْخِنْزِيرِ وَمَا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللّهِ بِهِ وَالْمُنْخَنِقَةُ وَالْمَوْقُوذَةُ وَالْمُتَرَدِّيَةُ وَالنَّطِيحَةُ وَمَا أَكَلَ السَّبُعُ إِلاَّ مَا ذَكَّيْتُمْ وَ  ‎

Барои шумо муъминон гӯшти мурдор ва хуну гӯшти хӯк ва он забиҳае, ки ба номи ғайри Худо куштанд ва ҳамчунин ҳар ҳайвоне, ки ба хафа кардан ё ба чӯб задан ё аз баландӣ афкандан ё ба шох задан ба ҳам бимиранд ва нимхӯрдаи дарандагон, ҷуз онро ки қаблан тазкия карда бошед ҳаром аст ва...

Равиши забҳ

вироиш

Др ислом забҳи ҳайвоноти обзӣ мустасно шудааст ва бештар дар мавриди пистондорону парандагони ҳалолгӯшт мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин равиш, бо ҷисми буранда рагҳои гардании ҳайвон бурида шуда ва хуруҷи хун аз сару гардан сурат мегирад.

Аҳли суннат забиҳаи аҳли тавҳид (мусулмон, яҳудӣ, масеҳӣ)-ро ҳалол медонанд, ба шарте ки тибқи дастури ислом, қабл аз марги сар бурида шуда бошад. Ҳамчунин истифода аз шоки электруникӣ ва доруии беҳӯшӣ ба шарте, ки қабл аз сар буридан мӯҷиби марги ҳайвон нашавад, ихтилоле дар ҳалол будани гӯшт ба вуҷуд намеоварад[1][2].

Нигаред низ

вироиш