Забони барноманависӣ

(Тағйири масир аз Забони барномасозӣ)

Забонҳои барномасозӣ. Барои тавассути компютер иҷро намудани алгоритми ҳалли масъала, аввал онро ба шакли махсус овардан лозим аст, ки онро барномаи компютерӣ мегӯянд. Барномаҳои компютерӣ бо ёрии забонҳои барномасозӣ сохта мешаванд. Имрӯз дар ҷаҳон бештар аз 2000 забони барномасозӣ мавриди истифода қарор дорад.

Ҳар гуна забони барномасозӣ ба мисли забонҳои муқаррарии гуфтугуӣ аз алифбо, синтаксис ва семантика иборат аст. Алифбои забонро маҷмӯи рамзҳое (аломатхое) ташкил медиҳад, ки онҳо ҳангоми тартибдиҳии сохтори барнома истифода мешаванд. Одатан калидлавҳаи компютер фарогири ҳамаи рамзҳои алифбои забонҳои барномасозӣ мебошад. Синтаксис ин маҷмуи қоидаҳоест, ки бо ёрии алифбои забон сохтори барнома (блокҳо, ифодаҳо, операторҳо, зербарномаҳо  ва ғайра) эҷод мешавад. Системаи қоидаҳои маънидодкунии сохтори барномаро семантикаи забони барномасозӣ мегӯянд.

Забонҳои барномасозӣ, ҳамчун воситаи асосии муколамаи инсон ва компютер, имрӯз хеле такмил ёфтаанд ва дастраси доираи васеи мутахассисони ҳам касбӣ ва ҳам ғайрикасбӣ гаштаанд. Дар рушди таъминоти барномавии компютерӣ асосан 5 насли забони барномасозиро (ЗБ) ёдовар мешаванд. Се насли аввалаи ЗБ комилан мувофиқи маҷмуи калимаҳои хидматӣ ва синтаксисӣ тавсиф карда мешуданд ва омузиши онҳо барои мутахассисони ғайрикасбӣ хеле мураккаб буд. Гарчанде забонҳои насли чорум то ҳол ҳангоми- барномарезӣ риояи синтаксиси қатъиро талаб кунанд ҳам, лекии омӯзиши онҳо  нисбатан осонтар гардонида шудааст. Забонҳои барномарезии пасли панҷум, ки ҳоло дар ҷараёни коркард ва арафаи анҷомёбӣ қарор доранд, дороӣ имкониятҳои хеле фаровони табодули иттилоот буда, бо қоидаҳои грамматикӣ ва синтаксисии забонҳои табиӣ (гуфтугуии байни инсонҳо) хеле наздик гардонида шуда, риояи қоидаҳои махсуси синтаксисиро умуман талаб намекунанд.

Инҷоро ҳам бингаред

вироиш