Забони рӯшонӣ
Забони рушонӣ (rix̌ůn ziv, риx̌ӯн зив) дар ноҳияи Рӯшони Тоҷикистон (аз резишгоҳи рӯди кӯҳии Бартанг, деҳаи Йемс дар соҳили рости дарёи Панҷ то деҳоти Вознавд ва Шиз) густариш ёфтааст. Тафовутҳои диалектологии дохили ин забон хеле кам ба назар мерасанд. Дар асри ХХ ҷиҳати ободонии водии Вахш бархе аз сокинони ноҳияи Рӯшонро ба ин водӣ кӯчонданд, ки ҳолозодагони ин муҳоҷирони рӯшонӣ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд. Ба ин забон гуфтори мардумони водии Хуфи ноҳияи Рӯшон хеле наздик аст, аммо агар бархе аз муҳаққиқон онро ҳамчун як лаҳҷаи забони рӯшонӣ баррасӣ карда бошанд (1), бархе дигар онро «забони хуфӣ» номидаанд[1].
Забони рӯшонӣ, ягона забони зергурӯҳи шимолии Забонҳои Помирӣ ҳаст, ки ба тамоми забонҳои ин гурӯҳ аз ҷумла Шуғнӣ, Язгуломӣ, Ванҷии Куҳан, Сариқулӣ, ва Бартангӣ аз лиҳози луғат ва граматика наздикии бузург дорад[2].
Адабиёт
вироиш- Пахалина Т. Н. Памирские языки. — М.: Наука (ГРВЛ), 1969. — 164 с. — (Языки народов Азии и Африки).
- Языки и этнография «Крыши мира». СПб.: «Петербургское Востоковедение», 2005. — 112 с.
- Payne, John, «Pamir languages» in Compendium Linguarum Iranicarum, ed. Schmitt (1989), 417—444.
- Эдельман Д. И. Памирские языки // Лингвистический энциклопедический словарь. — М.: СЭ, 1990.
- Мирзоуддинова С. Шеваи Хуфи забони рӯшонӣ.– Душанбе, 1988.
- Соколова В.С. Рушанские и хуфские тексты и словарь. – М.-Л., 1959; Генетические отношения язгулямского языка и шугнано-язгулямской языковой группы. – Л., 1967.
- Карамхудоев Д. Бартангский язык (фонетика и морфология). – Душанбе, 1973.
- Зарубин И.И. Орошорские тексты и словарь // Памирская экспедиция 1928, вып 6. – Л., 1930; Курбанов Х. Рошорвский язык. – Душанбе, 1976
Эзоҳ
вироиш- ↑ Забони рӯшонӣ (rixen ziv) | The Committee of Language and Terminology by the Government of the Republic of Tajikistan. www.kumitaizabon.tj. 9 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 феврали 2023.
- ↑ kumitaizabon.tj/забоншиносӣ(пайванди дастнорас)
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |