Забонхат дар бораи баромада нарафтан
Забонхат дар бораи баромада нарафтан — яке аз намудҳои чораҳои пешгирии мурофиавӣ мебошад. Матлаби ин чораи пешгирӣ аз он иборат аст, ки аз шахси гумонбаршаванда ва ё айбдоршаванда уҳдадорӣ гирифта мешавад, ки аз ҷои истиқомати худ ё ҷои муваққатан истодаи худ бе иҷозати шахси дахлдори таҳқиқкунандаи ибтидоӣ, муфаттиш, прокурор, суд берун намебарояд. Агар шахси гумонбаршуда ё айбдоршаванда забонхати худро вайрон кунад, чораи сахттари пешгириро ба кор бурдан мумкин аст, ки дар ин бора бояд ба ӯ дар вақти гирифтани забонхат маълум карда шавад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 165
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |