Забеҳулло Нуруллоев
Забеҳулло Нуруллоев (Нуруллоев Забҳулло Хайруллоевич; тав. 14 сентябри 1960, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, номзади илмҳои иқтисодӣ (2004), дотсент. Мудири кулли ҶСП «Евразия»[1].
Нуруллоев Забҳулло Хайруллоевич | |
Таърихи таваллуд | 14 сентябр 1960 (64 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1982) |
Зиндагинома
вироишЗабҳулло Нуруллоев 14 сентябри 1960 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи деҳа, факултети иқтисодии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шуда соли 1982 онро бо ихтисоси «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ» хатм намудааст.
Фаъолияти корӣ
вироишСолҳои 1982—1983 лаборанти калони кафедраи «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ», 1983—1986 ассистенти кафедраи «Ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ»-и Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1986—1990 аспиранти Академияи кишоварзии ба номи К. А. Тимирязеви шаҳри Маскав, 1990—1994 ассистент, 1994—2004 муаллими калони кафедераи «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит»-и Донишгоҳои аграрии Тоҷикистон буд. Аз моҳи ноябри соли 2004 ба ҳайси дотсенти ҳамин кафедра фаъолият дорад.
Фаъолияти илмӣ
вироишСоли 2004 дар мавзӯи «Таъминоти сармоягузории рушди корхонаҳои пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»[2] рисолаи номзади илмро ҳимоя кардааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Бонки Аврупо ё “бачаҳои боло”? “Тоҷиксодиротбонк” дар ҷустуҷӯи роҳи наҷот(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 28 июни 2018 санҷида шуд.
- ↑ Нуруллоев, Забхулло Хайруллоевич. Инвестиционное обеспечение развития хлопкоперерабатывающих предприятий Республики Таджикистан : автореферат дис.... кандидата экономических наук : 08.00.05(рус.). Search RSL. search.rsl.ru. 23 Январ 2018 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Д., 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4