Зайниддин Наҷмиддинович Аҳадов (тав. 17.05.1963, д. Ғарибак, н. Панҷакент) — филолог, номзади илми педагогика (2019).

Зайниддин Аҳадов
Зайниддин Наљмиддинович Аҳадов
Таърихи таваллуд 17 май 1963(1963-05-17) (61 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Панҷакент
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор мактаби № 31-и н. Панҷакент, ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм

Зиндагинома

вироиш

Зайниддин Аҳадов хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1988). Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияташро ба ҳайси омӯзгор, директори мактаби № 31-и н. Панҷакент (1994-1998) оѓоз намудааст. Сипас ба сифати ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ дар муассисаи мазкур (1999-2003) корро идома дода, солҳои 2004-2009 ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2009-2010 фаъолияташро дар мактаб-интернати № 4 (барои кӯдакони ятим ва бепарастор)-и шаҳри Душанбе ба ҳайси ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ кор кардааст. Аз соли 2017 инҷониб ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронии ДДОТ ба номи С. Айнӣ кор мекунад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Дар мавзуи «Асосҳои дидактикии роҳ ва воситаҳои фаъолгардонии фаъолияти таълимии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи як монография, як маҷмуа таҳти унвони «Сабақе аз китоби ҳикмат», зиёда аз 10 мақолаи илмиву методӣ ва муҳаррири чор асари бадеӣ аст.

Пайвандҳо

вироиш