Насриддин Зайниев (02.01.1937, Душанбе) — 31.01.2004, ш. Тошканд) — файласуф, ҳуқуқшинос, омӯзгор. Доктори илмҳои фалсафа (1964), профессор (1977).

Зайниев Насриддин
Насриддин Зайниев
Зодгоҳ Душанбе
Таърихи даргузашт 31 январ 2004(2004-01-31)
Маҳалли даргузашт Тошканд
Кишвар  Ӯзбекистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, Ин.-ути хоҷагии қишлоқи Самарқанд, Мактаби олии партиявии Тошканд, Акададемияи ВКД Ӯзбекистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома

вироиш

Насриддин Зайниев дар факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст (1955–1959). Муфаттиши прокуратураи н. Куйбишев (ҳоло – А. Ҷомӣ, 1959–1960), асп. каф. фалс. УДТ (1960–1964), муаллим (1964–1965), дотсенти каф. фалс. ва каф. материализми таърихӣ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин кор кардааст (1965–1973). С. 1973 ба кори каф. коммунизми илмии УДСамарқанд ба ҳайси муд. каф.гузашта, соли 1974 дар мавзӯи «Аҳамияти иттилооти иҷтимоӣ дар идораи ҷамъияти сотсиалистӣ» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Минбаъд ба сифти муд. каф. фалсафа ва коммунизми илмии Ин.-ути хоҷагии қишлоқи Самарқанд (1977–1980), муд. каф. коммунизми илмии Мактаби олии партиявии Тошканд (1980–83), муд. каф. фалс. Ин.-ути давл. тиббии Тошканд (1984–93), мудири каф. фалсафаи Акададемияи ВКД Ӯзбекистон (1993–2002) ифои вазифа кардааст. Хидматҳояш бо чандин Ифтихорномаи Фахрии соҳавӣ қадр карда шудааст.[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6