Зайнуддинхоҷаи Тошкандӣ
Зайнуддинхоҷаи Тошкандӣ (форсӣ: زین الدین خواجه تاشکندی) мулаққаб ба Домулло Мирисо (нимаи дуввуми қарни XIX) — хаттоти форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишДар Тошканд зода шуда, нозукиҳои санъати хаттотиро дар ҳамон ҷо омӯхтааст. Зайнуддинхоҷаи Тошкандӣ дар навиштани чанд навъи хатти арабӣ, бахусус хатти настаълиқ ба дараҷаи устодӣ расида буд. Тибқи маълумоти маъхазҳо Зайнуддинхоҷаи Тошкандӣ чандин осори шоирону донишмандонро китобат кардааст, ки, мутаассифона, танҳо «Баҳҷату-т-таворих»-и Шукруллоҳи Шаҳобуддин боқӣ мондааст. Ин асар соли 1861 бо хатти зебои настаълиқ китобат шудааст ва ҳоло таҳти рақами 9855 дар Ганҷинаи дастнависҳои Ин-ти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зайнуддинхоҷаи Тошкандӣ / С. Султонов // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.