Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ
Зайнуддин Маҳмуд ибни Абдулҷалил Восифӣ (форсӣ: زینالدین محمود واصفی; 1485, Ҳирот — 1566, Тошканд) — нависанда, шоир, таърихнигор, муншӣ ва донишманди форс-тоҷик
форсӣ: زینالدین محمود واصفی | |
Таърихи таваллуд: | 1485 |
Зодгоҳ: | Ҳирот |
Таърихи даргузашт: | 1566 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишПадараш муншӣ, амакаш шоир, тағояш соҳибилм будаанд. Дар дукони косибии амакаш ‒ Амонӣ шоирони пешавар мунтазам базми шеър меоростанд. Мушоираву суҳбатҳои дар дукон барпошуда ба тарбияи завқ ва ташаккули маънавии Восифӣ бетаъсир намонданд. Восифӣ илмҳои расмии замонаро дар Ҳирот омӯхта, дар муаммокушоию муаммогӯӣ шуҳрати тамом ёфт ва дар 16-солагӣ ба суҳбати Алишери Навоӣ мушарраф гардид. Аммо дар натиҷаи ҳуҷумҳои шоҳзодагони темурӣ ва Исмоили Сафавӣ (ҳукмронӣ 1502-24) аз ғарб ва тохтутози бераҳмонаи Шайбонихон (ҳукмронӣ 1451—1510) аз шарқ Ҳирот мақоми маркази адабию фарҳангӣ буданашро аз даст дода, ба майдони муҳорибаву хунрезиҳо табдил ёфт. Аксари намояндагони илму адаб куштаву пароканда шуданд. Ҳуҷуми Шайбонихону Исмоили Сафавӣ ба сари мардуми Ҳирот кулфатҳо оварданд. Дар чунин вазъият Восифӣ дар зодгоҳи худ истода натавониста, ба умеди гӯшаи осоише дарёфтан соли 1511 роҳи Машҳаду Нишопурро пеш гирифт. Вале дар ин шаҳрҳо ҳам осоишу оромише наёфта, 17 апрели 1512 ба Мовароуннаҳр омад ва илму дониши андӯхтаи худро пайваста такмил дода, ба маҷлису анҷуманҳои адибон роҳ ёфт. Дар ин давра котибӣ, мударрисӣ, имоматӣ ва ғ. василаи рӯзгузаронии адиб гардиданд. Аз ҷумла, солҳои 1512-14 ба Самарқанд омада, чанде мударрисию имоматӣ кард. Баъд аз ин муддате шаҳрҳои дигари Мовароуннаҳрро саёҳат намуда, соли 1518 ба Тошканд рафт ва то охири умраш дар он ҷой рахти иқомат густарид.
Эҷод
вироишВосифӣ аз 12-13-солагӣ эҷод мекард ва бо таъсири муҳити адабии Ҳирот, хусусан, шоирони ҳунарманд, ки нуфуз доштанд, аввалҳо муаммову ғазал менавишт. Шоири бадеҳагӯй буда, дар маҳфилҳо бадоҳатан ғазалу қасида мегуфт, дар услубҳои гуногун нома менавишт ва бо қудрати фавқулодаи хеш ҳозирону муддаиёнро дар ҳайрат мегузошт. Дар солҳои таҳсили мадраса (1507-10) қасидаҳои ҷавобия ва ҳаҷвияҳои обдораш шуҳрат ёфтаанд. Ашъори Восифӣ аз ҷиҳати анвоъ (жанр)-у мавзӯъ гуногун буда, тавассути санъатҳои маъмули шеъри форсӣ-тоҷикӣ музайян гардонида шудаанд. Махсусан, қасидаи дар мавзӯи қаҳтии Самарқанд (1512), ғазалу қасидаҳои дар радифи «гул», «наргис», «лола» «ангуштарӣ» ва ғ., ки дар ҷавоби қасоиди Котибӣ, Камолуддин Исмоили Исфаҳонӣ ва дигарон навиштааст, инчунин, ғазалҳои таблбозию луғазҳояш аз қудрати баланди шоирии Восифӣ гувоҳӣ медиҳанд. Бо ин ҳама, Восифӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ҳамчун устоди мусаллами насри бадеъ шуҳрат дорад, ки ба туфайли таснифи «Бадоеъу-л-вақоеъ» насибаш гардидааст. Восифӣ аз ҷавонӣ муҳити зиндагии аҳли заҳмат, махсусан, ҳунармандону косибонро хуб омӯхта, шебу фарози рӯзгори ин табақаи мардуми шаҳрро бо маҳорати баланди нигорандагӣ тасвир кардааст, ки ба тақвияти ҷанбаҳои вуқуъгӯии эҷодиёти нависанда сабаб шудааст. Дар эҷодиёти Восифӣ, ҳамчун намояндаи дарбори феодалӣ, ғояҳои шоҳпарастӣ ва мадҳияҳо дар бораи онҳо ҳам дучор меоянд. Аммо ҷавҳари пешқадами эҷодиёти Восифӣ пурқувват буда, дар асарҳои худ, асосан, манфиати аҳли заҳматро ҳимоя ва «бисёр нуқсонҳои дар низоми хонӣ ҷойдоштаро ба таври нозуки ҳаҷвомез фош кардааст» (Б. Ғафуров).
Осор
вироиш- Бадоеъу-л-вақоеъ. Д., 2014;
- Бадоеъу-л-вақоеъ. Мунтахаби ҳикоёт. Д., 2006;
- Удивительные события. Избранные страницы. Д., 1984.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Восифӣ / А. Афсаҳзод, А. Раҳмонфар // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Айнӣ С. Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъу-л-вақоеъ». Сталинобод, 1956;
- Болдырев А. Н. Зайнаддин Васифи. Таджикский писатель XVI Восифӣ Опыть творческой биографии. Д., 1989.