Зайнулъобидинхони Кошонӣ

Зайнулъобидинхони Кошонӣ (форсӣ: زین العابدینخان کاشانی‎; қарни XIX) — хаттоти форс-тоҷик.

Зайнулъобидинхони Кошонӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар навиштани хат комил ва моҳир буд. Настаълиқро бо услуби Миръимод менавишт. Хатти сиёҳ ва шикастаро низ неку менигошт. Зайнулъобидинхани Кошонӣ аз Мирзо Санглох таълими хат гирифтааст. Аз намунаи осори ӯ як қитъаи сиёҳмашқ (1828) дар Китобхонаи миллии Теҳрон ва катибаи қабри Фатҳалишоҳ дар шаҳри Қум боқист.

Адабиёт

вироиш