Занбурӯғчой — нӯшокии гуворо ва маъруф.

Замбурӯғчой
Нигора
Кишвари созанда
 Парвандаҳо дар Викианбор

Замбурӯғчойро аз медузомитсет (Medysomuces gisevi) ном занбӯруғ тайёр мекунанд. Медузомитсетро занбӯруғи лионӣ, занбӯруғи баҳрӣ, занбӯруғи ҳиндӣ, занбӯруғи ҷопонӣ, кваси баҳрӣ низ меноманд. Вай ҷисми ғафси яхнимонанди рангаш сафеди зарди ҷигарии гулгун буда, дар рӯи моеи ғизоӣ – чои ширин шино мекунад. Медузомитсет метавонад афзоиш ёфта, рӯи маҳлули ғизоиро пурра фаро гирад. Бинобар ин дар шароити истеҳсолот массаи он гоҳе ба 100 кг мерасад. Соли 250 то м. дар маъхази чиние номи З. сабт шудааст. Хитойиҳо онро мабдаи ҳаёт ва давои беҳсозандаи кори узвҳои ҳозима меҳисобиданд. Миёнаҳои асри 19 он дар Руссия низ маъмул гашт. Барои тайёр кардани З. бештар аз чойи сиёҳ ва шакар истифода мебаранд. Дар таркиби З. ду микроорганизми ҳамзист – занбӯруғҳои хамирмояшакл ва бактерияҳо мавҷуданд. Занбӯруғҳо шакарро ба спирт, ангидриди карбон ва бактерияҳо спирти этилро туршонида, ба асид (кислота)-и атсетат табдил медиҳанд. З. таъми нордон дорад. Онро дар шароити хона ба ин тарз таҳия мекунанд: банка (маъмулан 3-литра)-ро бо сода шуста, аз нисф зиёд чойи ширгарм ва қадре шакар (100 г шакар барои 900 мл чой) меандозанд. Занбӯруғ (ё як қисми он)-ро дар оби ҷӯшидаи ширгарм шуста, ба даруни банка мегузоранд. Сипас даҳони банкаро бо дока баста, дар ҷои гарм (бояд нури офтоб нарасад) нигоҳ медоранд. З. баъди як ҳафта тайёр мешавад. Пеш аз истифода З.-ро бо дока полидан лозим аст (занбӯруғро такроран истифода мебаранд). З. давои маҳвсозандаи бактерияҳост. Бинобар ин онро ҳангоми бемориҳои шадиди гулӯ, роҳи нафас ва милки дандонҳо тавсия медиҳанд. З. кори меъдаву рӯдаҳоро ба низом медарорад. Истеъмоли он хосса барои шахсони туршии меъдаашон паст муфид аст. З. барои табобати атеросклероз ва бемории ҳипертония манфиат дорад. З. холестерини хунро кам карда, барои муолиҷаи дарди сар, дарди дил, бехобӣ, қабзият ва бемориҳои рӯда нафъ дорад. Истеъмоли З. ба шахсони гирифтори бемории қанд ва туршии меъдашон зиёд мамнуъ аст. З.-ро барои муолиҷаи захмҳои фасоднок ва ҷои сӯхта низ истифода мебаранд.

Адабиёт

вироиш