Замингирӣ, заминзехт (ба шуғнонӣ) — навъи бозии наврасон, ки дар фасли баҳор доир мегардад. Дар заминҳои офтобрӯи нисбатан ҳамвортар аввалҳои баҳор барф об мешавад ва 5-6 нафар наврас ва аз ин ҳам бештар (то 10 нафар) бо роҳи қуръапартоӣ тавассути сангчаи нишонадор сардорро муайян мекунанд. Сардор дар рӯи замин ба қутри 2-3 ё 4 м дар шакли давра хат мекашад. Шахси аввал, ки худи сардор онро интихоб мекунад, мехи калони дарозиаш 15-20 см (сари мехро пачақ — ҳамвор мекунад) ё сими ба ҳамин андоза буридашудаву як нӯгаш ба шакли доирача хамкардашударо рост истода, ба дохили доира ҳаво медиҳад. Агар мех ё сим ба замин халида рост наистаду ба сӯе афтад, навбати бозӣ ба шахси дигар мегузарад. Агар мех ба замин халад, вобаста ба моилии мех ё сими истода доира тақсим мешавад. Яъне, як қисми доира аз ӯ мешавад. Агар шахсе то охир заминро тақсим ва аз худ кунад, ғолиб дониста мешавад ва ҳар яке аз бозигарон ӯро бо навбат пуштора карда, гирдогирди давра мегардонанд.

Адабиёт

вироиш