Заминдорӣ — низоми андози замин, ки ҳукумати мустамликавии Британияи Кабир бо ташаббуси генерал-губернатори Ҳинд Ч. Корнуоллис дар Бангол ва минтақаҳои ҳамҷавори он ҷорӣ кард (аз 1793). Мувофиқи ин низом заминдорон абадан меросбарони соҳибмулк эътироф гардида, дар иваз уҳдадор шуданд, ки 9/10 андози замини ҷамъоваришударо дар соли 1790 ба хазинаи ҳукумати мустамликавии Британияи Кабир супоранд; ҳамзамон маблағи мазкур ба таври доимӣ собит монда, вобаста ба ҳосилу андози ҷамъоварикардаи солона тағйир намеёфт. Дар сурати пардохт нашудани андоз мулки заминдор мусодира гардида, иҷборан фурӯхта мешуд; дар ин ҳолат ҳамаи уҳдадориҳои мутақобилаи заминдор ва деҳқонони зердасти он аз эътибор соқит мешуданд. Ҳукумати Британияи Кабир заминдорро «лендлорд» эълон карда, ҳуқуқи молумулкии деҳқононро барҳам зад ва роҳро барои истисмори золимона кушод, ки ин ба муфлисшавии комили заминдорон мусоидат мекард

Сарчашма

вироиш