Заминдӯзӣ — як навъи нақшдӯзӣ дар ҳунари зардӯзӣ.

Дар заминдӯзӣ нақшҳо тамоми сатҳи матоъро фаро гирифта, бо зар ё абрешим дӯхта мешаванд. Усули заминдӯзӣ дар давраҳои гуногун ба кор рафта, дар асри 19 бештар рушд кард. Дар ин давра сарулибоси аҳли дарбор ва сарватмандон бо усули заминдӯзӣ зардӯзӣ мешуданд. Усули заминдӯзӣ ниҳоят мураккаб, нозук ва заҳматталаб аст. Бо ин усул аз қадим камзӯл, камарбанд, воскат, чойхалта, тоқиҳои мардонаву занона, кафш, ҷиҳози асп ва ғ-ро зардӯзӣ мекарданд. Барои заминдӯзӣ бештар матои рангаи махмалро интихоб мекунанд, ки дар он риштаҳои заррин хуб ҷилвагар шаванд. Баъзан сарулибоси бо ин усул дӯхташударо бо сангҳои қиматӣ (алмос, фирӯза, дурдона, лаъл, гавҳар) оро медоданд. Дар гузашта аксари ҳунармандони Осиёи Миёна, аз ҷумла Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Ҳисор аз усули заминдӯзӣ фаровон истифода мекарданд. Заминдӯзӣ баъзан бо зардӯзию гулдӯзӣ тавъам буда, ду навъи дӯхт дорад: яке зардӯзӣ дар рӯи матоъ ва дуввумӣ «сиддӣ» (заминдӯзии сатҳи матоъ бо истифода аз риштаҳои пахтагӣ ё абрешимӣ). Навъи дуввум бештар роиҷ аст. Ҳоло зардӯзон, маъмулан, усули «зардӯзӣ-гулдӯзӣ-заминдӯзӣ»-ро якҷо ба кор мебаранд

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш