Замини Вақф
Замини Вақф — як шакли асосии заминдории асримиёнагӣ. Замини вақф аз тарафи моликаш (амирон, хонҳо, султонҳо, заминдорони калон, рӯҳониён ва дигарон) ба муассисаҳои динӣ (масҷид, мадраса, хонақоҳ, мазорҳо) ё муассисаҳои хайрия (шифохонаҳо, хонаҳои пирсолон ва ғ.) вақф шуда, даромад аз он барои хароҷоти ин муассисаҳо сарф мегардид. Мувофиқи муқаррароти фиқҳи исломӣ Замини вақф ҳамчун моликияти Худо хариду фурӯш, туҳфа ва ба мерос гузошта намешуд; аз пардохти хироҷ ва дигар намудҳои андоз озод буд. Дар вақфнома сабаби вақф кардани замин, номи соҳибмулк, мутаваллӣ, тартиби истифодаи даромад ва шоҳидон зикр мешуд. Новобаста ба равандҳои сиёсии ҷомеа (тағйир ёфтани низоми сиёсӣ, таназзули давлат, сарнагуншавии сулолаҳо) мақоми Замини вақф бетағйир боқӣ монда, масоҳати он каму зиёд мешуд. Аз рӯи даромад се навъи Замини вақф вуҷуд дошт; вақфи холис, даҳяк ва авлодӣ. Даромади вақфи холис ҳамагӣ ба молики он тааллуқ дошт. Дар Осиёи Миёна ду навъи Замини вақф маъмул буд: вақфи мутлақ ва авлодӣ. Даромади вақфи мутлақ барои хароҷоти ин ё он муассиса бахшида шуда, аз пардохти андоз озод буд. Молики вақфи авлодӣ ҳуқуқи молумулкӣ дошт: як қисми даромади заминро соҳиб мешуд; масъули харҷу дахли замини вақф буд. Садру-с-судур ба умури вақфи авлодӣ назорат карда, ҳуқуқ надошт, ки мутаваллии онро таъйин ё сабукдӯш кунад. Дар аҳди Темуриён аз Замини вақф андоз ситонида намешуд, вале дар аҳди Шайбониён тақр. тамоми амлоки вақф ба давлат андоз месупориданд. Масоҳати Замини вақф солҳои 80 асри 19 дар Осиёи Миёна тақр. 452 ҳазору 566 танобро ташкил дода, назорати он ба уҳдаи девони вақф вогузор шуда буд. Баъди ишғоли Осиёи Миёна аз ҷониби Руссия дар назди Генерал-губернатории Туркистон барои баррасии асноди замин, аз ҷумла заминҳои вақф Комиссияи андози замин ташкил гардид. Комиссияи мазкур салоҳият дошт, ки ҳуқуқи истифодаи Замини вақф-ро барқарор ё ботил кунад. Дар ҷараёни бозрасӣ қисми зиёди муассисаҳо ба сабаби надоштани вақфнома аз Замини вақф маҳрум гардида, амлокашон ба кишоварзону иҷоракорон дода шуд. Мувофиқи «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон» (1886) заминҳои вақфе, ки ҳукумат онҳоро эътироф накардааст, ба ихтиёри ҷамоатҳои деҳот вогузор шуда, минбаъд танҳо бо иҷозати генерал-губернатори Туркистон Замини вақф ташкил мешуд. Баъди пирӯзии Инқилоби Бухоро Ҳукумати Шӯравӣ барои танзим кардани низоми амлоки вақф дар назди Раёсати маорифи халқ шуъбаи вақфро ташкил кард, ки роҳбарии онро Сарраёсати умури вақф ба зимма дошт. Маркази ин раёсат дар ш. Тошканд ва намояндагиҳояш дар маҳалҳо ташкил шуда буданд. Мувофиқи боби 14 «Низомномаи Ҷумҳурии Туркистон» (17 ноябри 1920) тамоми даромади Замини вақф аз ҷониби Комиссарияти маориф барои хароҷоти муассисаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ харҷ карда мешуд. Ҳамзамон, дар охири солҳои 20-и асри 20 муқаррар гардид, ки даҳяки даромади Замини вақф барои хароҷоти муассисаҳои динӣ ҷудо карда шавад. Даромади умумии амлоки мавқуфа дар кишвари Туркистон зиёда аз 550 ҳазор сӯм буд (1923). Дар солҳои таҳсили 1924/25-ум 108 мактаби дараҷаи аввал (шумораи талабагон 9138), 10 мактаби дараҷаи дуввум (шумораи талабагон 925 нафар), ду мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, дорулмуаллимини ш. Тошканд, Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Хева, 22 мактаби маҳви бесаводӣ, 11 китобхона, як амбулатория, 2 бунгоҳи тиббӣ ва 8 мактаб-интернат аз ҳисоби даромади Замини вақф фаъолият доштанд. Мувофиқи барномаи ислоҳоти замини Ҳукумати Шӯравӣ (1925–26) тамоми заминҳои вақф аз ҷониби давлат мусодира ва ба кишоварзон дода шуданд. Ҳоло Замини вақф дар кишварҳои исломӣ вуҷуд дорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Замини Вақф // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 6. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.